Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакамони бозиҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар мусобиқоти AFC-2020 маълум шуданд


Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) гурӯҳи ҳакамонеро, ки бозиҳои бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро мутаносибан дар Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми AFC-2020 доварӣ мекунанд, таъйин намуд.

Бозии даври дувуми марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 миёни «Локомотив»-и Тошканд, ноиби қаҳрамони Узбекистон ва «Истиқлол»-и душанбе, қаҳрамони Тоҷикистонро, ки 21-уми январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, гурӯҳи ҳакамон аз Лубнон бо сарварии Ҳусейн Абу Яҳё доварӣ мекунанд.

Бозии ҷавобии плей-оффи Ҷоми AFC-2020 миёни «Хуҷанд», ноиби қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби бозии даври пешакӣ «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон), ки 26-уми феврал доир мегардад, ҳакамон аз Урдун баҳогузорӣ мекунанд. Довари FIFA Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ сардовари ин бозӣ таъйин шудааст.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020

Минтақаи ғарбӣ

Марҳилаи дувуми пешакӣ

21 январ (сешанбе)

«Локомотив» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Сардовар: Ҳусейн Абу Яҳё (Лубнон).

Кӯмакдоварон: Самир Бадр, Рабӣ Умайрат (ҳарду аз Лубнон).

Довари эҳтиётӣ: Алӣ Ризо (Лубнон).

Нозири доварон: Аҳмад Яъқуб Муҳаммад Ҷумъа (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ).

Комиссари бозӣ: Оя Такеюки (Ҷопон).

Тошканд, варзишгоҳи «Локомотив»

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи марказӣ

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26 феврал (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)

Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).

Кӯмакдоварон: Маҳмуд Тоҳир Муҳаммад Абу-Тоҳир, Обид Ал-Раҳмон Ноҷӣ Муҳаммад Оқил (ҳарду аз Урдун).

Довари эҳтиётӣ: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).

Комиссари бозӣ: Салмон Муҳаммад Намшон (Арабистони Саудӣ).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG