Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти "Истиқлол" ба "Қӯқанд-1912" дар бозии санҷишӣ дар Тошканд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии санҷишӣ аз бошгоҳи футболи Суперлигаи Узбекистон - «Қӯқанд-1912»-и шаҳри Қӯқанд - бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC - Конфедератсиони футболи Осиё-2020 бо «Локомотив»-и Тошканд рӯзи 9-уми январ дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Узбекистон доир гардид.

Ҳисобро дар ибтидои бозӣ, дар дақиқаи 8-ум, ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Отабек Ҳайдаров, бозигари “Қӯқанд-1912”, дар дақиқаи 21-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаи мизбононро Ҷамшед Ҳасанов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 82-юм, ба самар расонид.

«Истиқлол» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш дар вилояти Суғд боз як бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин дафъа қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи душанбеи 13-уми январ дар Варзишгоҳи марказии Тошканд бо қаҳрамони Узбекистон - «Пахтакор» - рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 бо ноиб-қаҳрамони Узбекистон - «Локомотив»-и Тошканд - рақобат хоҳад кард. Ин бозӣ 21-уми январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар мавриди пирӯзӣ бар «Локомотив» қаҳрамони Тоҷикистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.

Бозии санҷишӣ

«Қӯқанд-1912» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 8 (0:1). Отабек Ҳайдаров, 21 (1:1). Ҷамшед Ҳасанов, 82 (2:1).

«Қӯқанд-1912» (Қӯқанд, Узбекистон): Ислом Абдуллоев, Ҷасур Ёқубов, Иқбол Малиҷонов, Аваз Маматхоҷаев, Александр Мерзляков, Қувондиқ Рӯзиев, Собит Синдаров, Суҳроб Бердиев, Суҳроб Нуруллоев, Отабек Ҳайдаров, Андрей Сидоров.

Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Музаффар Абдуллоев, Карим Муҳаммадиев, Азамат Исроилов, Шодиёр Ҳоҷиматов, Азиз Муҳаммадҷонов, Ҷамшед Ҳасанов, Ҷаҳонгир Аҳмадов, Дилшод Раҳматуллоев, Шоҳназар Норбеков, Акбар Султонов, Ҳамидулло Абдуҳамидов, Муҳамаданас Ҳасанов, Ризо Айвазов, Дилшод Баротов, Эргаш Исмоилов, Самандар Очилов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Табрези Давлатмир (Ҷамшед Раҳмонов, 80), Элдор Бойматов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Зиёвуддин Фузайлов, 80), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе (Темур-Хуршед Ҷӯраев, 75), Шериддин Бобоев, Манучеҳр Ҷалилов (Саидмухтор Азимов, 70).

Огоҳӣ гирифтанд: Ҷаҳонгир Аҳмадов («Қӯқанд-1912»), Алишер Ҷалилов, Искандар Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Шерзод Қосимов (Узбекистон).

Кӯмакдоварон: Олим Абдулвосилов, Шерзод Аъзамов (ҳарду аз Узбекистон).

Нозири бозӣ: Бобур Ҳайдаров (Узбекистон).

9-уми январ. Тошканд. Варзишгоҳи «Дӯстлик».

XS
SM
MD
LG