Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи 16 тими Осиё барои се роҳхат ба Олимпиадаи Токио


Дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола, ки 8-уми январ дар Тайланд шуруъ шуд, 16 дастаи мунтахаби олимпӣ (U-23) ширкат дорад. Дар ин бора сомонаи championat.asia хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст:

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Ироқ, Австралия, Баҳрайн
Гурӯҳи «В»: Қатар, Ҷопон, Арабистони Саудӣ, Сурия
Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Эрон, Чин
Гурӯҳи «D»: Ветнам, Кореяи Шимолӣ, Урдун, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Осиёи Марказиро танҳо дастаи мунтахаби олимпии Узбекистон (U-23) намояндагӣ мекунад. Футболбозони узбек аввалин бозии худро дар гурӯҳи “С” имрӯз, 9-уми январ, муқобили тими Эрон баргузор мекунанд.

Рӯзи 8-уми январ, дар даври аввали мусобиқа ду бозӣ дар гурӯҳи «А» доир гардид. Мунтахаби Тайланд дастаи Баҳрайнро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Ироқ ва Австралия бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки ҷоизадорони қаҳрамонии Осиё дар Тайланд ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи соли 2020 дар Токио мушарраф мешаванд.

Баъди натиҷагирии бозиҳо дар гурӯҳҳо ҳашт даста ба чорякфинал мебарояд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 19-уми январ, бозиҳои ниманиҳоӣ 22-юми январ, бозӣ барои ҷойи сеюм 25-уми январ ва бозии ниҳоӣ 26-уми январ баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "F", ки аз 22-юм то 26-уми марти соли гузашта дар шаҳри Тошканд бо иштироки се дастаи мунтахаб – Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҳиндустон – доир гардид, бо 4 имтиёз ҷойи дувумро касб намуд ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш тими Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозии дувумашро бо тими мизбон - Узбекистон - бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаҳои Узбекистон ва Тоҷикистон чоримтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Узбекистон дар гурӯҳи “F” ҷойи аввалро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард.

XS
SM
MD
LG