Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола


Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ)-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола аз 24-ум то 29-уми январ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Шаш даста барои унвони зӯртарин дастаи минтақа мубориза мебарад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон баргузор мешавад. Ҳамаи 15 бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон доир мегардад.

Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Дастаи мунтахаби духтарони то 19-солаи Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал бо раҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев иштирок мекунад.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё шомил аст. CAFA федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар Конгресси CAFA, ки 24-уми апрели соли гузашта дар Душанбе доир гардид, ба вазифаи президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Қаҳрамонии CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола

Даври 1-ум

24 январ (ҷумъа)

Эрон – Тоҷикистон

Қирғизистон – Афғонистон

Узбекистон – Туркманистон

Даври 2-юм

25 январ (шанбе)

Тоҷикистон – Туркманистон

Узбекистон – Қирғизистон

Эрон – Афғонистон

Даври 3-юм

26 январ (якшанбе)

Туркманистон – Эрон

Афғонистон – Узбекистон

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 4-ум

28 январ (сешанбе)

Қирғизистон – Туркманистон

Афғонистон – Тоҷикистон

Узбекистон – Эрон

Даври 5-ум

29 январ (чоршанбе)

Туркманистон – Афғонистон

Эрон – Қирғизистон

Тоҷикистон – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG