Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гран-прии ҷудо дар Тел-Авив 8 варзишгари тоҷик иштирок мекунад


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (Tel Aviv Grand Prix 2020), ки рӯзҳои 23-25-уми январ дар пойтахти Исроил - шаҳри Тел-Авив - баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар Гран-прии Тел-Авив иштироки 656 гуштигир (368 мард ва 288 зан) аз 93 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ҳашт варзишгар – Давлаталӣ Назаралиев (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни -73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (ҳарду дар вазни +100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи 23-юми январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон, -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешавад. Рӯзи 24-уми январ гуштигирони вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон, -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Дар рӯзи охирини мусобиқа – 25-уми январ - қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон, -78 кг, +78 кг миёни занон доир мегардад.

Бояд гуфт, ки Гран-прии Тел-Авив нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар соли 2020 мебошад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, ба ҷуз медал бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд: барои ҷойи якум 3 ҳазор доллар (2400 доллар ба варзишгар ва 600 доллар ба мураббиаш), барои ҷойи дувум 2 ҳазор доллар (1600 доллар ба варзишгар ва 400 доллар ба мураббиаш), барои ҷойҳои сеюм 1 ҳазордолларӣ (800 доллар ба варзишгар ва 200 доллар ба мураббиаш).

Ҳамчунин, ширкаткунандагони Гран-прии Тел-Авив соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Зимнан, дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар ҷойи 13-ум, Беҳрӯзи Хоҷазода дар ҷойи 19-ум, Комроншоҳи Устопириён дар ҷойи 22-юм, Темур Раҳимов дар ҷойи 22-юм, Акмал Муродов дар ҷойи 48-ум, Шакармамад Мирмамадов дар ҷойи 49-ум, Саидҷалол Саидов дар ҷойи 69-ум ва Давлаталӣ Назаралиев дар ҷойи 214-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG