Аслиддин Ҳабибуллоев, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба вазифаи сармураббии бошгоҳи лигаи олӣ – “Хатлон”-и Бохтар - таъйин шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.
Ин мутахассиси 48-сола дар ин вазифа Меҳроб Заурбековро, ки ба даста чаҳор мавсими ахир раҳбарӣ кардааст, иваз намуд. «Хатлон» соли гузашта дар мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон бо 24 имтиёз дар байни ҳашт даста дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт.
Аслиддин Ҳабибуллоев пештар дар ин бошгоҳ, ки он замон «Вахш» ном дошт, ба ҳайси сармураббӣ фаъолият кардааст. Бо раҳбарии ӯ «Вахш» соли 2009 медалҳои тилло ва соли 2010 медалҳои биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Аслиддин Ҳабибуллоев дар Тоҷикистон ҳамчун дарвозабони моҳир маъруф аст. Ӯ, бахусус, баъди бозии тимҳои миллии Тоҷикистону Баҳрайн дар доираи мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2006, ки 31-уми марти соли 2004 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, машҳур шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба охир расид. Маҳорати баланди Аслиддин Ҳабибуллоев ба меҳмонон имкон надод, ки ба дарвозаи мизбонон гол зананд. Ӯ ду бор дар нимаи аввали дидор тӯби аз ҷаримаи 11-метрӣ задаи бозигарони Баҳрайнро баргардонд.
Аслиддин Ҳабибуллоев соли 2003 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эътироф шудааст. Вай солҳои зиёд капитан ё сартими мунтахаби миллии Тоҷикистон буд. Ҳабибуллоев дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии кишвар соли 2006 барандаи Ҷоми даъвати AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шудааст.
Аслиддин Ҳабибуллоев, ки ба ҳайси дарвозабон таҷрибаи ғанӣ дорад, солҳои мухталиф дар бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, инчунин дар дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва миллии Тоҷикистон ҳамчун мураббии дарвозабонҳо кор кардааст.
Хабари хуш
Вой бар холи сохибкорон ки тумаи гургони Точикистон мешаванд ягон дар дигар давлат нест мисли гургони гушна лиш бы аз гучо биояд пул харом аст ё халол аст фарк надорад биор баьд хамаи вазирон ва кормандони гумрук касал хастанд ё касали канд доранд ё дил касал ё дар хонахояшон нотинч проблема доранд ё фарзанд ба гапашон гуш намекунад ё умуман ягон дар хона касал доранд охир чизи харом ба хона дарояд охир ин мол хам сохиб дорад охир ин дунё хамаш хисоб китоб дорад хама чизи харом ин баромадаш вазнин аст хазми таом намешавад
Худоё, як бори дигар беқудратии худатро дар назди Ковид-19 нишон бидеҳ, то ин бандаҳои гумроҳат фаҳманд, ки ту афсонае беш нестӣ!
Байден ачали диктаторхо дар осиёи маркази хохад шавад.
Худо Рахмат кунад устодро бехтарин инсон буданд