Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи варзишгарони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио


Сомон Маҳмадбеков.
Сомон Маҳмадбеков.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ, ки аз 24-уми июл то 9-уми август дар пойтахти Ҷопон – Токио – доир мегардад, бузургтарин чорабинии варзишии соли 2020 маҳсуб мешавад.

Ба барномаи Бозиҳо 33 намуди варзиш дохил аст. Дар назар аст, ки дар Олимпиадаи Токио наздики 12500 варзишгар аз 205 кишвар барои 339 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Варзишгарони тоҷик, ки то ҳоло ба Бозиҳои олимпӣ дар Токио роҳхат нагирифтаанд, барои ба даст овардани роҳхатҳо дар риштаҳои ҷудо, бокс, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук ва қайиқронӣ талош хоҳанд кард.

Варзишгарони тоҷик дар намуди ҷудо рӯзҳои 23-25-уми январ дар Гран-прии Тел-Авив (Исроил), 8-9-уми феврал дар Гранд Слами Порис (Фаронса), 21-23-юми феврал дар Гранд Слами Дюсселдорф (Олмон), 6-8-уми март дар Гран-прии Работ (Марокаш), 13-15-уми март дар Гранд Слами Екатеринбург (Русия), 27-29-уми март дар Гран-прии Тифлис (Гурҷистон), 3-5-уми апрел дар Гран-прии Анталия (Туркия), 17-19-уми апрел дар қаҳрамонии Осиё/Уқёнус дар Муғулистон, 8-10-уми май дар Гранд Слами Боку (Озарбойҷон) ва 28-30-юми май дар мусобиқаи устодони ҷудо дар Доҳаи Қатар ширкат меварзанд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) 1-уми июн раддабандии олимпиро нашр мекунад, ки бар асоси он 22-нафарӣ дар ҳар вазн ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио мушарраф мешаванд.

Аз байни паҳлавонони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 73 кило), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов (беш аз 100 кг) барои дарёфти роҳхати олимпӣ имкон доранд.

Муштзанҳои тоҷик бошанд, барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ дар ду мусобиқаи интихобӣ талош мекунанд. Нахуст мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус рӯзҳои 3-14-уми феврал дар шаҳри Вуҳани Чин доир мегардад. Баъдан мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ рӯзҳои 13-20-уми май дар Пориси Фаронса баргузор мешавад.

Дар сабқати қоравии мардон шаш ҷойи аввали вазнҳои 52, 57, 63 кг ва вазни 51 кг миёни занон, 5 ҷойи аввали вазнҳои 69, 75, 81 кг байни мардон ва 4 ҷойи аввали вазнҳои 91, +91 кг миёни мардон ва 57, 60, 69, 75 кг миёни занон ба Бозиҳои олимпӣ роҳ пайдо мекунанд. Дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ низ вобаста ба вазнҳо варзишгароне, ки ҷойҳои аз 3-юм то 5-умро мегиранд, соҳиби роҳхат мешаванд.

Дар миёни муштзанҳои тоҷик Баҳодур Усмонов, ки порсол дар қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кило ғолиб шудааст, барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Токио имкон дорад.

Варзишгарорни тоҷик оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ низ дар ду мусобиқаи интихобӣ – қоравӣ (27-29-уми март дар Сиани Чин) ва ҷаҳонӣ (30-юми апрел – 3-юми май дар Софияи Булғористон) иштирок намуда, барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош меварзанд.

Зимнан, варзишгароне, ки моҳи сентябри соли 2019 дар қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби роҳхати олимпӣ шудаанд, ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд.

Зелимхон Юсупов, гуштигири маъруф, ки соли 2015 барои истифодаи допинг муҷозот шуда буд, ҳамакнун имкон дорад дар мусобиқаҳо иштирок карда, барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ мубориза барад.

Шаҳриёр Даминов, қайиқрони маъруфи тоҷик, барои ба даст овардани роҳхат ба Олимпиадаи Токио талош меварзад. Ӯ дар мусобиқаи интихобии Осиё (26-29-уми март дар Патайаи Тайланд) ва мусобиқаи ҷаҳонии интихобӣ (21-24-уми май дар Дуйсбурги Олмон) иштирок хоҳад кард.

Ба онҳое, ки дар мусобиқоти мухталиф оид ба варзиши сабук ширкат меварзанд, дар мавриди иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи Созмони байналмилалии варзиши сабук ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ даст меёбанд.

Вале маъруфтарин варзишгари тоҷик Дилшод Назаров ба мушкиле мувоҷеҳ аст. Созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук 24-уми сентябри соли гузашта номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд.

Дилшод Назаров, қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016, дар як изҳороти худ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта дар сафҳаи фейсбукиаш иттиҳоми истеъмоли допингро таҳқиромез унвон кард. Ӯ навишт, ки омодаи ҳамкорӣ бо созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук ва Созмони байналмилалии варзиши сабук ҳаст, то собит кунад, ки ҳеҷ гоҳ допинг истеъмол накардааст.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бо шумули ҳафт варзишгар ширкат кард, як медал ба даст овард. Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр бо медали тилло сарфароз гашт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои ҷоизадори Олимпиадаи Рио-2016 бо як медали тилло дар байни 206 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 54-ум қарор гирифт, ки ин нисбат ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар соли 2012-ум дар Лондон 25 зина болост.

XS
SM
MD
LG