Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сон Хин Мин беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2019 эълон шуд


Сон Хин Мин, ҳамлагари 27-солаи «Тоттенҳэм»-и Англия ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2019, ки онро нашрияи варзишии интернетии "Fox Sport Asia» таъсис додааст, эълон гардид. Барои ин ҷоиза 24 бозигар довталаб буданд. Дар ин бора сомонаи «Fox Sport Asia» хабар додааст.

Сон Хин Мин 258 имтиёз гирифтааст. Соли гузашта ӯ дар ҳайати «Тоттенҳэм» дар 48 бозӣ 20 гол зада, барои ба финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА баромадани бошгоҳаш кӯмак кардааст. «Тоттенҳэм» дар бозии ниҳоӣ аз «Ливерпул» шикаст хӯрд.

Дар байни номзадҳо Сардор Озмун, ҳамлагари эронии бошгоҳи «Зенит»-и Санкт-Петербурги Русия, Элдор Шомуродов, ҳамлагари тими «Ростов»-и Русия ва мунтахаби Узбекистон, Такуми Минамино, ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул»-и Англия ва мунтахаби Ҷопон, Арслонмурод Амонов, нимҳимоятгари дастаи «Локомотив»-и Тошканд ва капитани мунтахаби Туркманистон, буданд.

Дар раъйдиҳӣ намояндагони нашрияҳои бузургтарини қораи Осиё иштирок карданд. Вале ин ҷоиза ба ҷоизаи «Футболбози сол дар Осиё», ки онро AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) месупорад, ҳеҷ гуна алоқамандӣ надорад. Зимнан, ҷоизаи AFC низ порсол ба ҳамлагар Сон Хин Мин супурда шудааст.

Рӯйхати даҳ футболбози беҳтарини соли 2019, ки онро нашрияи варзишии интернетии «Fox Sport Asia» эълон кардааст:

1. Сон Хин Мин («Тоттенҳэм») -258 имтиёз
2. Акрам Афиф («Ас-Садд») – 114 имтиёз
3. Такуми Минамино («Залсбург»/«Ливерпул»)- 90 имтиёз
4. Алӣ Алмуизӣ («Ал-Дуҳайл») – 64 имтиёз
5. Сардор Озмун («Зенит») – 58 имтиёз
6. Бафетимби Гомис («Ал-Ҳилол»)- 49 имтиёз
7. Ву Лей («Эспанйол») – 29 имтиёз
8. Салим Ал-Довсарӣ («Ал-Ҳилол») – 26 имтиёз
9. Бағдод Бунижа («Ас-Садд») – 15 имтиёз
10. Паулинйо («Гуанжоу Эвергранд») – 14 имтиёз

XS
SM
MD
LG