Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов сармураббии "Кӯктош"-и Рӯдакӣ таъйин шуд


Ҳаким Фузайлов, собиқ сармураббии тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, сармураббии дастаи лигаи олӣ - "Кӯктош"-и Рӯдакӣ - таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имрӯз, 6-уми январ, хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар дастаи «Кӯктош» ба ин мутахассиси 55-сола бародари хурди ӯ Раҳматулло Фузайлов кӯмак менамояд.

Ҳаким Фузайлов, ки мавсими гузашта сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе буд, баъди он ки бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019-ро дар гурӯҳи "D" дар майдони худ бо тими “Алтин Асир”-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд, 27-уми июн бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод.

“Истиқлол” бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов порсол Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард. Баъдан дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Вале “Истиқлол” 12-уми феврали соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 дар меҳмонӣ аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар тими “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст.

Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба тими “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин тим аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба тими “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси тими миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи мунтахаби Узбекистон дар соли 1996 гол задааст. Дар он бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тими Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд. Ҳаким Фузайлов дар он бозӣ капитани мунтахаби Тоҷикистон буд.

Ҳаким Фузайлов баъди анҷоми фаъолияти бозигариаш ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта тимҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.

Ҳаким Фузайлов моҳи январи соли 2016 муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ баъди бохти тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Манила ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот, 27-уми марти соли 2018 аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар истеъфо дод.

Ҳаким Фузайлов дорои муҷаввизи дараҷаи «Pro» мебошад.

XS
SM
MD
LG