Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Тайланд ва Саудӣ пеш аз қаҳрамонии Осиё. САДО


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020»), ки аз 2-юм то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатйайи Тайланд баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ба ҷуз аз мунтахаби Тоҷикистон, дар ин мусобиқа боз панҷ тими миллӣ ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ дудастаӣ ба плей-офф роҳ пайдо карда, дар бозиҳои ниманиҳоӣ рақобат менамоянд, баъдан бозӣ барои ҷойи севум ва финал доир мегарданд.

Баъд аз анҷоми мусобиқа дар Тайланд мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ сафар менамояд ва дар шаҳри Даммом ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Мунтахаби Тоҷикистон 12-уми феврал бо мунтахаби Арабистони Саудӣ ва 13-уми феврал бо мунтахаби Кувайт бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи “А” Туркманистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Умон, ба гурӯҳи «B» Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт, ба гурӯҳи «C» Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, ба гурӯҳи «D» Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ дохиланд.

Гуфтугӯ бо Ҳусейн Шодиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
Линки мустақим


Ҳусейн Шодиев, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мақсади мо дар қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод ба даври чорякфиналӣ баромадан ва баъдан роҳ ёфтан ба қаҳрамонии ҷаҳон-2020 мебошад".

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ аввалин бозиашро 26-уми феврал муқобили мунтахаби Ветнам баргузор мекунад. Баъдан 28-уми феврал бо дастаи мизбон - Туркманистон - вориди рақобат мешавад. Бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон 1-уми март бо мунтахаби Умон анҷом медиҳад.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешавад.

XS
SM
MD
LG