Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" ба мусобиқоти AFC-2020


Бошгоҳҳои футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ба мусобиқоти Конфедератсиони футболи Осиё (AFC)-2020 омодагӣ мебинанд.

«Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Алишер Тухтаев пас аз таътили солинавӣ имрӯз, 3-юми январ, ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ кард. Машғулиятҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шудааст.

«Истиқлол» дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2020 бо ноиб-қаҳрамони Узбекистон - «Локомотив»-и Тошканд - рақобат мекунад. Ин бозӣ 21-уми январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Дар мавриди пирӯзӣ бар «Локомотив» қаҳрамони Тоҷикистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ пайдо кардан талош меварзад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок хоҳад кард.

“Хуҷанд”, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, бо раҳбарии сармураббии нави даста Никола Лазаревич, мутахассиси 41-солаи сербиягӣ, ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2020 дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинад.

«Хуҷанд» дар плей-офф бо ғолиби бозии даври пешакӣ «Нефтчӣ»-и Қирғизистон ва «Аҳал»-и Туркманистон рақобат мекунад. Бозиҳои даври пешакии Ҷоми AFC-2020 бо ширкати «Нефтчӣ» ва «Аҳал» рӯзҳои 5-ум ва 12-уми феврал доир мегарданд.

«Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми АFC-2020 рӯзи 19-уми феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро 26-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Дар мавриди пирӯзӣ «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф хоҳад шуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2020 дар минтақаи Марказӣ 10-уми март шуруъ шуда, 16-уми июн ба анҷом мерасад. Ба марҳилаи баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ, баъдан бозии асосӣ – ниҳоӣ доир мегардад.

XS
SM
MD
LG