Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи футзал ба хотираи Александр Кирсанов


Мусобиқаи зимистона оид ба футзал ба хотираи Александр Кирсанов, собиқ бозигари дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Ирригатор”-и Душанбе бо пирӯзии тимҳои «Вавилон», «Рамис-Испечак» ва РШВСМ хотима ёфт.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 28-ум дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, 30-юми декабр ба анҷом расид. Мусобиқа миёни алоқамандон ва собиқадорони футбол доир гардид.

Дар сабқати алоқамандони футзал дастаи «Вавилон», ки дар бозии ниҳоӣ бар тими «DeFacto» бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард, мақоми аввалро касб намуд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаи «Осимӣ» бар тими «Динамо» бо ҳисоби 5:1 ғолиб омад.

Дар сабқати собиқадорони 40-сола ва аз он боло дастаи «Рамис-Испечак» дар бозии ниҳоӣ бар тими «Вавилон» бо ҳисоби 7:2 пирӯз шуд. Барои ҷойи севум тими дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ (ДМ ВКД ҶТ) дастаи «Liqui Moly»-ро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод.

Дар сабқати собиқадорони 60-сола ва аз он боло дастаи РШВСМ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ) ғолиб шуд. Медалҳои нуқра насиби дастаи «Собиқадорон» гардид. Медалҳои биринҷиро дастаи «Равшан» азони худ кард.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба дастаҳои ғолиби мусобиқа ва тимҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро азони худ карданд, ҷому медалҳо ва ифтихорномаҳо супурда шуд. Ҳамчунин бозигарони беҳтарин бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд.

Дар байни алоқамандон Хуршед Маҳмудов («Вавилон»), Фаридун Шарипов («DeFacto») ва Бахтиёр Муҳаммадёров («Осимӣ»), дар миёни собиқадорони 40-сола ва аз он боло Искандар Нуриддинов («Рамис-Испечак»), Шуҷоат Неъматов (ДМ ВКД ҶТ) ва Фирӯз Бозоров («Вавилон»), дар байни собиқадорони 60-сола ва аз он боло Бобоҷон Муродов («Собиқадорон»), Маҳмадшариф Шарипов («Равшан») ва Саид Ғаюров (РШВСМ) бо ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG