Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол кай ва дар куҷо доир мегардад?


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар сомонаи расмии худ рӯйхати шаҳрҳоеро, ки дар онҳо Ҷоми Осиё оид ба футбол соли 2023 дар Чин доир мегардад, нашр кардааст. Ин рӯйхатро Ассотсиатсияи футболи Чин пешниҳод намудааст.

Дар рӯйхат номи 10 шаҳри Чин, ки дар онҳо бозиҳои Ҷоми Осиё оид ба футбол баргузор мешаванд, зикр шудааст: Пекин, Тянзин, Шанхай, Чунтсин, Чэнду, Сиан, Далян, Тсиндао, Сямин ва Сучжоу. Ҳамаи шаҳрҳо – номзадҳо бо таваҷҷуҳи хоса барои гузаронидани мусобиқаи бузургтарин дар Осиё изҳори омодагӣ кардаанд.

"AFC ба Ассотсиатсияи футболи Чин ва 10 шаҳри бузург барои иштирок дар ҷашни футболи Осиё изҳори сипос менамояд. Ман ба онҳо барои саъю кӯшишашон, ки мехоҳанд ба ҷаҳон нишон бидиҳанд Чин метавонад чорабиниҳои бузурги байналмилалии футболро доир намояд, комёбиҳо орзу мекунам",-гуфта мешавад дар изҳороти президенти АFC Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа.

Чин барои бори дувум дар таърих Ҷоми Осиёро баргузор хоҳад кард. Аввалин бор ин мусобиқаи бузургтарини қитъавӣ дар ин кишвар соли 2004 доир шуда буд. Мусобиқаи дарпешистода моҳҳои июн-июли соли 2023 доир мегардад.

Ҷоми Осиё оид ба футбол дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад. Ғолиби феълии Ҷоми Осиё мунтахаби Қатар мебошад. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё авоили соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барпо гардид. Тими миллии Қатар, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Ҷопонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки тобистони имсол дар якҷоягӣ бо марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 шуруъ шуд, 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, дар даври севум дар Душанбе аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Баъдан дар меҳмонӣ аз мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт ва бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо ҳоло мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи "F" соли оянда баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми март дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, 4-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва 9-уми июн дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.

Ба дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки ягон бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок накардааст, ба Ҷоми Осиё-2023 роҳ пайдо кардан зери суол аст.

XS
SM
MD
LG