Субҳи 27-уми декабр як ҳавопаймои ширкати "Bek Air" бо 93 мусофир ва 5 сарнишин дар наздикии Фурудгоҳи байналмилалии Алмато суқут кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар ҷон бохта, 66 кас бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурда шудаанд. Вазъи 18 нафари онҳо вахим гуфта мешавад.
Ба иттилои манобеи фурудгоҳ, ин ҳавопаймо аз Алмато ба пойтахти Қазоқистон -- шаҳри Нурсултон парвоз мекард ва соати 07:05 аз радар ё системаи назорати парвоз нопадид шуд.
Ба иттилои маркази матбуоти фурудгоҳ, ҳавопаймои ширкати Bek Air берун аз қаламрави фурудгоҳ афтодааст.
Ба иттилои хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳавопаймо дар масофаи як километр дуртар аз хатти парвоз дар наздики шаҳраки Гулдала суқут кард. Дар натиҷаи садама як бинои истиқоматии дуошёна вайрон шудааст.
"Барои таҳқиқи сабабҳои ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ таъсис шудааст. То дақиқ шудани сабаҳои ҳодиса, парвози ин гуна ҳавопаймоҳо манъ мебошад," -- гуфта шудааст дар иттилои вазорати саноат ва рушди зербинои Қазоқистон.
Хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса гуфтанд, ки минтақа аз сӯи нерӯҳои интизомӣ иҳота шуда ва ба ҷойи ҳодиса 10-15 мошини "Ёрии таъҷилӣ" фиристода шудааст.
Ҳавопаймоҳои ширкати Bek Air умдатан аз ҳавопаймои Fokker-100 иборат аст. Президенти Қазоқистон ба наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ карда, ваъда додааст, ки ҳамаи гунаҳкорони садама муҷозот хоҳанд шуд.