Хуршед Назаров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи муҳорибаҳои омехта Gorilla Fighting Championship 23 бар Абилай Толеш аз Қазоқистон пирӯз шуд.
Ин мусобиқа бо ширкати 30 варзишгар аз Бразилия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина 25-уми декабр дар толори «Алмати Арена» доир гардид. Дар ин бора сомонаи Sports.kz хабар додааст.
Дар рақобати Хуршед Назаров муқобили Абилай Толеш доварон бо раъйи бештар варзишгари тоҷикро ғолиб донистанд.
Дар рақобати асосии ин мусобиқа Даурен Ермекови қазоқ, ки бо тасмими якдилонаи доварон Артур Гусейнови русиягиро шикаст дод, соҳиби камарбанди қаҳрамони «муваққатии» GFC гардид.
Варзишгари машҳур Ҳабиб Нурмагомедови русиягӣ, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, меҳмони вижаи мусобиқаи GFC 23 буд.
Натоиҷи ҳамаи қувваозмоиҳои GFC 23:
Ҳасан Бозоров (Узбекистон) — Руслан Базиев (Қазоқистон) — пирӯзии Базиев бо усули хафакунӣ дар раунди аввал
Еламан Шертаев (Қазоқистон) — Умар Кунакбиев (Русия) — пирӯзии Кунакбиев бо тасмими якдилонаи доварон
Баҳодур Боқиев (Узбекистон) — Сураҷӣ Гасанов (Русия) — пирӯзии Боқиев бо тасмими якдилонаи доварон
Абилай Толеш (Қазоқистон) — Хуршед Назаров (Тоҷикистон) — пирӯзии Назаров бо раъйи бештари доварон
Ҳасан Магомедшарипов (Русия) — Эдил Есенгулов (Қирғизистон) — пирӯзии Магомедшарипов бо тасмими якдилонаи доварон
Дархан Бакенов (Қазоқистон) — Евгений Голуб (Украина) — пирӯзии Бакенов бо нокаути техникӣ дар раунди аввал
Имран Жулагов (Русия) — Жолдошбек Уулу Султон (Қирғизистон) — пирӯзии Султон бо нокаути техникӣ дар раунди дувум
Одил Боронбоев (Қазоқистон) — Сандро Соуза (Бразилия) — пирӯзии Боронбоев бо тасмими якдилонаи доварон
Казбек Саидалиев (Русия) — Осман Абдулазизов (Қирғизистон) — пирӯзии Саидалиев бо усули хафакунӣ дар раунди дувум
Руслан Сариев (Қазоқистон) — Матеус Браунс (Бразилия) — пирӯзии Сариев бо тасмими якдилонаи доварон
Маккашарип Зайнуков (Русия) — Бекболот Абдилда (Қирғизистон) — пирӯзии Зайнуков бо тасмими якдилонаи доварон
Жасулан Акимжан (Қазоқистон) — Владислав Королевский (Русия) — пирӯзии Королевский бо усули хафакунӣ дар раунди аввал
Собит Жусупов (Қазоқистон) — Тартсизио Гомес (Бразилия) — пирӯзии Гомес бо нокаути техникӣ дар раунди аввал
Игор Свирид (Қазоқистон) — Адриано Родригес (Бразилия) — пирӯзии Свирид бо тасмими якдилонаи доварон
Даурен Ермеков (Қазоқистон) — Артур Гусейнов (Русия) — пирӯзии Ермеков бо тасмими якдилонаи доварон.