Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Лазаревич cармураббии нави "Хуҷанд" шуд


Никола Лазаревич, мутахассиси 41-солаи сербиягӣ, сармураббии нави дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, таъйин шуд. Ӯ дар ин вазифа Виталий Левченкоро иваз намуд, ки фаъолияташро дар бошгоҳи дигар идома хоҳад дод. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи “Хуҷанд” хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, “Хуҷанд” бо раҳбарии Никола Лазаревич омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми AFC-2020 муқобили бошгоҳи «Аҳал»-и Туркманистон, ки рӯзҳои 19-ум ва 26-уми феврал доир мегардад, шуруъ кард.

Бояд гуфт, ки мутахассиси сербиягӣ пештар ба ҳайси мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонӣ дар дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва мунтахаби миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Дастаи "Хуҷанд" соли гузашта бо раҳбарии Виталий Левченко дар қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми дувумро соҳиб шуда, дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 ширкат кардааст.

Никола ЛАЗАРЕВИЧ
Санаи таваллуд:
29-уми январи соли 1978
Макони таваллуд: Ниш, Сербия
Дараҷаи мураббигӣ: UEFA PRO (2017)

Фаъолияти корӣ
2007-2008 – Мунтахаби ҷавонони Сербия (U-21) – ёвари сармураббӣ
2008-2009 – “Сар Константин” (Сербия) – ёвари сармураббӣ
2009-2010 – “Роднички” (Сербия) – ёвари сармураббӣ
2011-2012 – “Младост” (Сербия) – сармураббӣ
2013 – “Истиқлол” (Тоҷикистон) – ёвари сармураббӣ
2013 – Мунтахаби Тоҷикистон – ёвари сармураббӣ
2013-2014 – “Сар Константин” (Сербия) – сармураббӣ
2014 – “Шэнчжэн Руби” U-21 (Чин) – сармураббӣ
2015 – “Истиқлол” (Тоҷикистон) – ёвари сармураббӣ
2015-2016 – Мунтахаби Тоҷикистон – ёвари сармураббӣ
2017 – “Сетине” (Черногория) – сармураббӣ
2018-2019 – “Бэйтсзин Энтерпрайзес” (Чин) – раҳбари шуъбаи скаутинг

Коромӯзӣ
2011 – “Атлетико Мадрид” (Испания)
2012 – “Базел” (Швейтсария)
2013 – “Копенгаген” (Дания)
2016 – “Зенит” (Русия)

XS
SM
MD
LG