42 варзишгари тоҷик барои натиҷаҳои ба даст овардаашон дар мавсими соли 2019 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё ҷоизаи президенти Тоҷикистонро хоҳанд гирифт. Дар ин бора рӯзи 19-уми декабр амри раиси ҷумҳур ба тасвиб расид ва дар он гуфта мешавад, барои ин кор 911 ҳазору 250 сомонӣ ҷудо карданд. Мақомот мегӯянд, ин пул аз Фонди захиравии президент аст. Ин дар ҳолест, ки то кунун касе аз Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтааст.
Дар байни варзишгароне, ки ба дарёфти ҷоизаи президент мушарраф шудаанд, варзишгарони маъруф - Дилшод Назаров (қаҳрамони Осиё оид ба гурзандозӣ), Баҳодур Усмонов (қаҳрамони Осиё оид ба бокс), Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (барандагони медали нуқраи қаҳрамонии Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо), Шаҳриёр Даминов (барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиё оид қайиқронӣ дар каноэ), Сомон Маҳмадбеков (қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон), Хушқадам Хусравов, Сорбон Латифов (барандагони медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо) ҳастанд.
Бояд гуфт, шумораи зиёди пешниҳодшудагонро варзишгарони ҷавон ташкил медиҳанд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон бо медалҳо сарфароз гаштаанд.
Дар байни онҳо Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (барандаи медали биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба таэквандо WТ), Далер Ризозода (барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонӣ-румӣ миёни ҷавонон ва ҷавонони то 23-сола), Абдураҳим Ёқубов (қаҳрамони Осиё оид ба бокс миёни наврасон), Ғаниҷон Ғаниев (қаҳрамони Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон), Абубакр Муродов (барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни наврасон), Аҳлия Муъминова, Мансур Раҳмон (барандагони медали биринҷии қаҳрамонии Осиё/Уқёнус оид ба ҷудо миёни наврасон), Мустафо Ахмедов, Абубакр Шукуров, (барандагони медалҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод миёни наврасон) ва дигарон ҳастанд.
Вале имсол ягон нафар аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон медал ба даст наовардааст. Инчунин то ҳоло касе аз Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтааст.
Бояд тазаккур дод, Фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи Ҷоизаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” 9-уми январи соли 2015 бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дар ин робита баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаҳо ба тасвиб расида буд.
Мувофиқи ин фармон маблағгузории Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии президенти кишвар амалӣ карда мешавад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба варзишгарон барои медали тиллои Бозиҳои олимпӣ 300 ҳазор сомонӣ, барои медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Дар ин қарор, инчунин, ҳаҷми маблағи мукофотпулӣ ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳону Осиё ва Бозиҳои осиёӣ муқаррар шудааст.
Бо маблағи аз ҳама бузург (300 ҳазор сомонӣ) қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров мукофотонида шудааст.
Ба ин тартиб, дар муддати се сол (2015-2018) бо амри президенти Тоҷикистон 135 варзишгар ва мураббиёни онҳо соҳиби ин ҷоиза гардиданд. Соли 2015 ба 21 варзишгар, соли 2016 ба 14 нафар, соли 2017 ба 26 нафар ва соли 2018 ба 74 варзишгар (бо шумули дастаи мунтахаби футболи наврасони кишвар) ҷоизаи президент супурда шуд.
Ба ин тартиб, барои мукофотонидани варзишгарону мураббиёни онҳо бо Ҷоизаи президенти Тоҷикистон дар чаҳор сол аз Фонди захиравии президент ҳамагӣ 2 миллиону 881250 сомонӣ ихтисос дода шудааст.