Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкум ба қатл шудани профессори покистонӣ барои "куфргуӣ"


Додгоҳе дар Покистон як донишманди мусулмонро ба куфргуӣ гунаҳкор донист ва ба қатл маҳкум кард. Додгоҳи шаҳри Мултон рӯзи 21-уми декабр гуфт, ки Ҷунайд Ҳофиз, профессори улуми забон ва адабиёти англисӣ ба паҳн кардани ақидаҳои зиддиисломӣ машғул будааст.

Дар Покистон Қонуни баҳсбарангез “Дар бораи тавҳини мазҳаб” вуҷуд дорад ва барои ҳар кас, ки ба танқид ва ё тавҳини Худову ислом ва паёмбарони он муттаҳам мешавад, ҳукми қатл таъйин кардааст. Шаҳбоз Гурмонӣ, вакили дифои Ҷунайд Ҳофиз гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ шикоят мебарад, чун одилона нест. Додгоҳи Мултон ҳамчунин Ҷунайд Ҳофизро 3200 доллар ҷарима баст.

Профессори забони англисиро соли 2013 дастгир карданд ва гуфтанд, ки ӯ матолиби дорои куфргӯиро дар Донишгоҳи Баҳоуддин Закариё дар Мултон ба намоиш гузоштааст. Ҷунайд Ҳофиз 6 сол мунтазир ҳукм буд ва бисёре аз ин солҳоро дар утоқи танҳо сипарӣ кардааст. Созмони Авфи Байналмилал моҳи сентябр аз мақомоти Покистон хост, профессори 33-соларо бе ҳеҷ шарте фавран озод кунанд.

XS
SM
MD
LG