Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбук саҳифаи ҳизби ҳокими Гурҷистонро пок кард


Яке аз саҳифаҳои покшуда
Яке аз саҳифаҳои покшуда

Ширкати “Фейсбук” гуфт, даҳҳо саҳифаи вобаста ба Ҳизби Ормони Гурҷистонро аз ин шабакаи иҷтимоӣ пок кардааст, чун сиёсатҳои ҳизбро тарғиб ва мухолифонро танқид мекарданд. Ҳизби мазкур ҳизби ҳокими Гурҷистон аст. “Фейсбук”, ки дар Амрико қароргоҳ дорад, рӯзи 20-уми декабр эълон кард, дар умум 39 саҳифаи хусусӣ, 344 саҳифаи умумӣ ва 13 гуруҳро аз Фейсбук ва 22 саҳифаро аз Инстаграмм пок кардааст, ки аз дохили Гурҷистон боз шудаанд.

Ба гуфтаи Фейсбук, ин саҳифаҳо худро ба ҳайси хабаргузориҳое бо номи “Фастнюс” ва “Майпресс” вонамуд карда ва ба бадгӯӣ дар ҳаққи аҳзоби сиёсӣ, шахсиятҳо, фаъолони маданӣ ва расонаҳо машғул будаанд. Дар баёнияи Фейсбук омадааст: “Саҳифаҳои умумӣ ва хусусӣ дар бораи масоили дохилӣ, аз ҷумла интихобот, сиёсатҳои ҳукумат менавиштанд ва мухолифону фаъолони маданиро танқид мекарданд.

Ба гуфтаи Фейсбук, яке аз ин саҳифаҳо бештар аз 440 ҳазор корбар ва як гуруҳаш бештар аз 50 ҳазор аъзо доштааст. Фейсбук гуфтааст, онҳое, ки ин саҳифаҳоро боз кардаанд, мушаххасоту нишониҳояшонро пинҳон мекарданд.

XS
SM
MD
LG