Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп санадеро имзо кард, ки Русия як ҳадафаш аст


Лӯлаҳоро кормандони олмонӣ барои лӯлаи Маҷрои Шимолӣ-2 омода мекунанд.
Лӯлаҳоро кормандони олмонӣ барои лӯлаи Маҷрои Шимолӣ-2 омода мекунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико санадеро имзо кард, ки як банде аз он эъмоли таҳрим ба зидди ширкатҳоеро дар назар дорад, ки дар иҷрои тарҳи Русия бо номи Маҷрои Ҷанубӣ – 2 ширкат мекунанд. Санади мазкур бо номи Ихтиёроти Амали Мудофиаи Миллиро Доналд Трамп рӯзи 20-уми декабр дар як пойгоҳи низомӣ дар Мериленд имзо кард.

Дар банди вобаста ба Русия аз киштиҳое, ки дар зери баҳр лӯлаҳои газ мегузоранд, хоста шудааст, корро “фавран” қатъ кунанд, вагарна ба таҳрим дучор мешаванд ва мумкин аст, ҳисобҳояшонро банданд. Тарҳи 11 миллиард долларии Маҷрои Ҷанубӣ-2, ки гази Русияро ба Олмон мерасонад, то тақрибан такмил шудааст ва таҳлилгарон мегӯянд, таҳримот мумкин аст, монеи ба поён расонидани он нашавад.

“Allseas Group” як ширкати мустақар дар Швейтсария, ки охири қисмати лӯлаи гази 1230 километриро мекашид, гуфт, корҳо дар ин тарҳро мутаваққиф кардааст.

XS
SM
MD
LG