Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"The Economist" Узбекистонро "кишвари сол-2019" номид


Маҷаллаи бритониёии "The Economist" Узбекистонро "кишвари сол-2019" эълом кард. Маҷалла гуфтааст, соли равон дар он кишвар ислоҳоти назаррас анҷом шуд.

"Се сол пеш Узбекистон яке аз кишварҳои қадимии диктотурӣ ва пӯшида буд",-омадааст дар матлаби маҷалла. Ба гуфтаи муаллиф, режими президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов занон, мардон ва кӯдаконро иҷборан дар киштзорҳо кор мефармуд. Дар натиҷа шумори мухолифон афзоиш ёфта, режим бо онҳо мубориза мебурд.

Пас аз марги Каримов Шавкат Мирзиёев сари қудрат омад ва ҳукумати ӯ то як сатҳи муайян ҷалби иҷбории сокинон ба корҳои ободониву кишоварзиро дар ин кишвар коҳиш дод. Гузаргоҳҳои марзиро боз карда, ба рӯзноманигорони хориҷӣ ҳаққи фаъолият дод. Ҳамчунин бадтарин зиндони Узбекистон бо номи "Жаслик"-ро баст.

Бино ба навиштаи "The Economist", Узбекистон дар пеш роҳи тӯлонӣ дорад, вале дар соли 2019 ягон кишвар ин қадар пеш нарафта буд.

Дар ҳамин ҳол созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) чанде пеш изҳори таассуф кард, ки Мирзиёев бо вуҷуди баъзе аз "гомҳои ислоҳотхонаи худ" натавонист, ин руҳияи ислоҳотгароиро дар ду интихоботи қарибулвуқуи Узбекистон таъмин кунад.

XS
SM
MD
LG