Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA тағйир наёфт


Тоҷикистон дар раддабандии нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки 19-уми декабр нашр шуд, мавқеашро дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 121-ум нигаҳ дошт.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия мисли пешин бо 1765 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1733 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1712 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин

  • Англия (1661 имтиёз),
  • Уругвай (1645 имтиёз),
  • Хорватия (1642 имтиёз),
  • Португалия (1639 имтиёз),
  • Испания (1636 имтиёз),
  • Аргентина (1623 имтиёз) ва
  • Колумбия (1622 имтиёз) дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсиони футболи Осиё) шомиланд, мақоми 23-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1503 имтиёз дар зинаи 28-ум) қарор дорад. Эрон дувум (дар ҷаҳон 33-юм, 1489 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 40-ум, 1461 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (24-ум, 1537 имтиёз), Русия (38-ум, 1470 имтиёз) ва Узбекистон (85-ум, 1289 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (129-ум), Литва (131-ум), Латвия (137-ум) ва Молдова (175-ум) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (85-ум), Қирғизистон (96-ум) ва Қазоқистон (118-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад.

Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мунтахаби Қирғизистон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи “F” соли оянда баргузор мешаванд. Мунтахаби Тоҷикистон 26-уми март дар Душанбе бо мунтахаби Муғулистон, 4-уми июн дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷопон ва 9-уми июн дар майдони худ бо тими Мянмар рақобат мекунад.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG