Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар бораи муҳоҷирон ва Ленин суҳбат кард, аммо аз эътирозҳо нагуфт


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳузури муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро барои рушди иқтисоди кишвараш муҳим хонд, аммо гуфт, бояд "якдигарнофаҳмӣ" миёни муҳоҷирон ва мардуми бумӣ аз байн бурда шавад. Ӯ рӯзи 19-уми декабр ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар Маскав ба ин масъала дахл кард. Путин гуфт, "мутобиқ шудани муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мушкилтар аст" ва пешниҳод кард, ки Русия дар кишварҳои минтақа мактабҳои русӣ, намояндагии донишгоҳҳоро фаъол кунад ва давраҳои омӯзиши забони русиро ба роҳ монад.

"Он вақт одамоне, ки аз Осиёи Миёна ба кишвари мо меоянд, худро роҳат эҳсос хоҳанд кард ва нороҳатии мардуми бумӣ низ аз байн хоҳад рафт," -- шарҳ дод ӯ.

Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ҳамвора аз бархӯрди номуносиби баъзе аз сокинону мақомоти Русия ва латту кӯб шудан бар асоси бадбинии қавмӣ шикоят мекунанд.

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, ин масъала натанҳо ба муҳоҷирони Осиёи Миёна, балки муҳоҷирони дохилӣ, яъне аз Қафқози Шимолӣ низ рабт дорад: "Иддае чунон рафтор мекунанд, ки ҳатто дар хонаи худ ба худ чунин иҷоза намедиҳанд. Аммо ин ба он маъно нест, ки мо бояд монеи муҳоҷирати одамон шавем."

Дар нишасти матбуотии солонааш президенти Русия дар бораи Доналд Трамп, таъсири гармшавии иқлим ва манъи варзишгарони рус аз иштирок дар бозиҳои олимпӣ ҳам суҳбат кард. Мулоқоти 15-уми Путин бо журналистон 4 соату 18 дақиқа давом дошт.

Конфронси матбуотие, ки ҳар сол барпо мешавад, барои боло бурдани обрӯи раиси ҷумҳури Русия дар чашми ҷомеа, мутақоид кардани мардум ба ин ки тақдири кишвар дар дасти "инсони дуруст" аст ва ҳам паёмдиҳӣ ба Амрико ва кишварҳои дигари Ғарбу Аврупо истифода мешавад.

Рӯзи 19-уми декабр назари Путинро ба импичмент ё изҳори нобоварӣ ба Трамп пурсиданд ва ӯ гуфт, ин "иттиҳомотест, ки сохтакорӣ шудааст". Путин гуфт, умедвор аст бо вуҷуди овоздиҳӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико, Трамп дар сари кор мемонад: "Тарҳи нобоварӣ ба президент ҳоло бояд ба баррасии Сенат биравад ва то ҷое медонам, дар онҷо ҷумҳурихоҳон аксариятро ташкил медиҳанд. Ҳизбе, ки дар интихобот мағлуб шуд, аз роҳҳои дигар муборизаро идома медиҳад."

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, Маскав омодааст бо Амрико созишномаи навро дар бораи силоҳҳо (START) имзо кунад, вале то ҳол ҳеч посухе ба пешниҳоди Русия нарасидааст. "Агар созиши START набошад, ҳеч чизе барои боздоштани рақобати силоҳҳо дар ҷаҳон намемонад ва ин бад аст", -- гуфт ӯ.

Владимир Путин дар нишасти матбуотиаш инчунин мавзӯи гармшавии иқлимро шарҳ дод. Вай гуфт, гармшавии иқлим ба шаҳрҳои арктикии Русия, ки мутобиқ ба шароити яхбандии абадӣ бунёд шудаанд, таъсири манфӣ мегузорад ва Русия дар ин масоил ба созиши Париж такя мекунад, ки ҳадафи ниҳоиаш коҳиши таъсири гармшавӣ мебошад.

Яке дигар аз масъалаҳое, ки мавриди баррасии Путин қарор гирифт, манъи чаҳорсолаи ширкати варзишгарони рус дар бозиҳои байналмилалии олимпӣ ва ҳам дигар бозиҳои ҷаҳонӣ буд. Путин гуфт, "Оҷонси зиддидопингии ҷаҳонӣ (WADA) бо ин қарораш ноодилона рафтор кард". Ба гуфтаи ӯ, ҳама гуна муҷозоти варзишгарони рус бояд ба таври ҷудогона ё инфиродӣ баррасӣ шавад, на гуруҳӣ. Ӯ афзуд: "Аксарияти варзишгарони мо тоза ҳастанд. Чаро ҳамаи онҳо бояд азият шаванд? Фигуристҳои мо духтарони хурде ҳастанд ва кореро, ки онҳо дар рӯи ях иҷро мекунанд, қариб ҳеч касе карда наметавонад."

Конфронси матбуотии Путин баъд аз мавҷи намоишҳои эътирозии тобистони имсола баргузор шуд. Мардум аз роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҳаллӣ раҳпаймоиҳои эътирозии сартосарӣ ташкил карданд. Вале ҳеч як журналист аз Путин дар бораи эътирозҳои тобистони имсол напурсид.

Нишасти матбуотӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки иқтисоди Русия аз ҳисоби коҳиши нархи нафт ва таҳримҳои баъди ишғоли Қрим (соли 2014) дар ҳоли бад қарор дорад. Ғарб Русияро дар пуштибонии ҷудиталабон дар шарқи Украина айбдор мекунад.

Вале Путин рӯзи 19-уми декабр гуфт, дар минтақаҳои зери назари ҷудоихоҳон дар Донетску Луҳанск “нирӯҳои хориҷӣ” вуҷуд надоранд. Ҷангҳое, ки соли 2014 баъди ғасби нимҷазираи Қрим дар шарқи Украина сар зад, боис ба кушта шудани беш аз 13 ҳазор нафар шуд.

Вале Путин, ки давоми ду даҳсола дар сари қудрат аст, пешрафтҳои иқтисодӣ дар аҳди худро ситоиш кард. Вай гуфт, Русия содиркунандаи азимтарини гандум дар ҷаҳон буда, дар ин феҳрист аз Амрикову Канада ҳам пеш гузаштааст.

Путин, ки як дафъа пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро як фоҷеаи геополитикии азими асри 20 номида буд, ин навбат дар бораи поягузори СССР Владимир Ленин бо лаҳни интиқодӣ суҳбат кард. Ӯ сиёсати Ленинро дар масоили милливу қавмӣ танқид кард ва гуфт, тақдими мухторияти бештар ба ҷумҳуриҳои миллии Шӯравӣ, аз ҷумла ҳаққи ҷудо шудан, боис шуд, ки дар пайи заиф шудани қудрати Ҳизби коммунист Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам пош хӯрад.

“Замони таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ, ӯ низоми ҳазорсолаи таърихи Русияро фаромӯш кард ва ҳатто на федератсия, балки конфедератсияро пешниҳод кард. Ҳар воҳиди маъмурӣ бар асоси гурӯҳҳои миллии сокинони ин қаламрав бунёд шуд ва ба ҳар воҳид имкони ҷудо шуданро фароҳам кард. Тақсимоти сарҳадҳо ҳам одилона набуд,” -- гуфт Путин.

Путин, ки муҳлати ҳозираи раёсати ҷумҳуриаш соли 2024 ба итмом мерасад, нахост дар бораи дурнамои сиёсии худ гап занад.

XS
SM
MD
LG