Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон эълон мешаванд


Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) муддаиёни ҷоизаҳои инфиродиро аз рӯи натиҷагирии мавсими соли 2019 муайян кард. Ғолибон дар маросиме, ки рӯзи шанбеи 21-уми декабр дар Душанбе, дар маҷмааи «Кохи Суруш», доир мегардад, эълон мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин рӯз барандагони ҷоизаҳо аз рӯи номинатсияҳои мухталиф маълум хоҳанд шуд.

Барои унвони бозигари беҳтарини сол ду узви дастаи қаҳрамони Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - дарвозабон Рустам Ятимов ва нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов, инчунин собиқ капитани «Хуҷанд»-и Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев, ки ҳоло дар бошгоҳи «Саиф Спортинг Клуб»-и Бангладеш бозӣ мекунад, довталаб мебошанд.

Рӯйхати муддаиёни ҷоизаҳои ФФТ дар соли 2019:

Беҳтарин бозигари лигаи аввал

Рустам Соиров («Локомотив-Помир»)

Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»)

Муҳсин Мадуллоев («Файзканд»)

Беҳтарин мураббии лигаи аввал

Зайниддин Раҳимов («Локомотив-Помир»)

Одил Каримов («Файзканд»)

Рустам Хоҷаев («Душанбе-83»)

Беҳтарин бозигари мусобиқаи ҷавонон

Гурез Аслонов («Хатлон»)

Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)

Парвиз Алиев («Хуҷанд»)

Беҳтарин мураббии мусобиқаи ҷавонон

Юсуф Рабиев («Истиқлол»)

Камолҷон Ортиқов («Хатлон»)

Олимшо Қадамшоев (ССКА «Помир»)

Беҳтарин довар

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

Насрулло Кабиров (Норак)

Беҳтарин дарвозабон

Давид Купатадзе («Хуҷанд»)

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин ҳимоятгар

Комрони Мирзохон (ССКА «Помир»)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»)

Беҳтарин нимҳимоятгар

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»)

Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин ҳамлагар

Шериддин Бобоев («Истиқлол»)

Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»)

Шерзод Маҳмадиев («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин мураббӣ

Алишер Тухтаев («Истиқлол»)

Виталий Левченко («Хуҷанд»)

Илдар Раҳмонов («Регар-ТадАЗ»)

Беҳтарин бозигари сол

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»)

Дар ин маросим, ҳамчунин ба беҳтарин бозигарону мураббиёни лигаи наврасон ва лигаи занон, лигаи футзали касбӣ ва қаҳрамонии Тоҷикистон миёни собиқадорон тӯҳфаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон супурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG