Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтарони муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс ду медал гирифтанд


Миҷгона Самадова бо либоси сурх
Миҷгона Самадова бо либоси сурх

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки рӯзҳои 11-14-уми декабр дар шаҳри Белоярски минтақаи Ханти-Мансийски Русия баргузор шуд, як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Миҷгона Самадова дар рақобатҳо миёни занон дар вазни то 57 кило баъди ду пирӯзӣ бар Малика Шоҳидова ва Ирина Сафарова (ҳарду аз Русия) ба финал роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи дигари Русия Даря Абрамова мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.

Медали биринҷиро ба мунтахаби Тоҷикистон Шоира Зулқайнарова овард. Ӯ дар сабқати занон дар вазни то 60 кило дар даври чорякниҳоӣ бар Анастасия Горожансева аз Русия ғолиб омад, вале дар нимфинал аз варзишгари дигари русиягӣ Наталя Шадрина шикаст хӯрд ва ҷойи севумро азони худ кард.

Дар ин мусобиқа қаҳрамони Осиё Баҳодур Усмонов ноком шуд. Ӯ дар сабқати мардон дар вазни то 63 кило дар даври аввал бар варзишгари русиягӣ Азнаур Калсинов пирӯз гашт, вале дар даври дувум қувваозмоиро ба Нодир Абдулҳақ аз Марокаш бохт.

Ду муштзани дигари тоҷик – Идимоҳ Холова дар сабқати занон дар вазни то 69 кило ва Бахтовар Сагизов дар сабқати мардон дар вазни то 57 кило – дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки бори 17-ум ба хотираи аввалин кашшофи нафти Югорск, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Фармон Салмонов доир гардид, 127 варзишгар (87 мард, 40 зан) аз 23 кишвар иштирок кард. Мусобиқа аз рӯи ҳашт вазн миёни мардон ва панҷ вазн миёни занон баргузор шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 20 медал — 8 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ ғолиби Ҷоми XVII ҷаҳонии бокс байни кишварҳои истихроҷкунандаи нафт гардид.

Ҷоми ҷаҳонии бокс барои муштзанҳои тоҷик як давраи омодагӣ ба мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио маҳсуб мешуд, ки моҳи феврали соли оянда дар Чин доир мегардад. Ин мусобиқаи вижа барои аввалин бор на аз рӯи қоидаҳои муқарраркардаи AIBA (Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ), балки аз рӯи қоидаҳое, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ муқаррар кардааст, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG