Мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019”, ки рӯзҳои 8-14-уми декабр дар шаҳри Жуҳайи Чин баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби олимпии Сурия ба поён расид. Дар ин мусобиқа чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ аз Малӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Чин ширкат дошт.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) баъди ду бохт ба дастаҳои Чин (U-22) бо ҳисоби 1:2 ва Малӣ (U-22) бо ҳисоби 0:3, бозии севумашро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ бо мунтахаби олимпии Сурия (U-22) бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод.
Бозии охирини мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) муқобили мунтахаби олимпии Сурия (U-22) рӯзи шанбеи 14-уми декабр дар варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre»-и шаҳри Жуҳай доир гардид.
Дар ин бозӣ дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Шарафҷон Солеҳов барои рафтори ғайриварзишӣ аз майдон хориҷ шуд.
Дар бозии дигари даври севуми мусобиқа мунтахаби олимпии Чин (U-22) бар мунтахаби олимпии Малӣ (U-22) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври севум дар ҷадвал мунтахаби Сурия бо ҳафт имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт ва ғолиби мусобиқа шуд. Мунтахаби Чин бо шаш имтиёз ҷойи дувумро ишғол намуд. Мунтахаби Малӣ бо се имтиёз мақоми севумро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин - чаҳорум – ҷойгир шуд.
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22), баъди анҷоми бозиҳо гуфтааст, “дар мусобиқа дар Чин мо номзадҳо ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистонро озмоиш кардем. Мо ба инҷо бо мақсади бурду бохт наомадаем. Мо мехоҳем, ки дастаи миллии мо аз ҳисоби бозигарони моҳир пурқувват гардад. Бинобар ин, теъдоди номзадҳоро зиёд кардем, ки дар байнашон рақобат бошад. Дар ҳар як мавқеъ ду-сенафарӣ ҳастанд. Мо минбаъд чунин мусобиқотро ҷустуҷӯ мекунем ва дар онҳо ширкат меварзем. Маҳз дар чунин мусобиқаҳо мо камбудиҳоро ошкор сохта, аз пайи ислоҳаш мешавем. Мо дастаи мунтахабро ба бозии дӯстона бо тими миллии Эрон, ки розигӣ додааст, омода месозем.”
Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»
Даври 1-ум
Чин (U-22) – Тоҷикистон (U-22) – 2:1
Голҳо: Жанг Линфенг, 55 (1:0). Шериддин Бобоев, 61 (1:1). Тиан Ксин, 90+1 (2:1).
8-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre».
Сурия (U-22) – Малӣ (U-22) – 1:0
Даври 2-юм
Малӣ (U-22) – Тоҷикистон (U-22) – 3:0
Голҳо: Малик Қамар, 45 (1:0). Алишер Баротов, 60 – ба дарвозаи худ (2:0). Усмон Думбия, 89 (3:0).
11-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre».
Сурия (U-22) – Чин (U-22) – 1:0
Даври 3-юм
Тоҷикистон (U-22) – Сурия (U-22) – 0:0
Тоҷикистон (U-22): Шоҳрух Қирғизбоев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Алишер Баротов, Доробҷон Эргашев (Отабек Каримов, 78), Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Тоҳир Малодӯстов, 90+4), Ислом Зоиров, Шарафҷон Солеҳов, Шериддин Бобоев, Диловаршо Ғаниев (Шаҳром Самиев, 89).
Аз майдон хориҷ шуд: Шарафҷон Солеҳов (Тоҷикистон), 42 – барои рафтори зиддиварзишӣ.
14-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre».
Чин (U-22) – Малӣ (U-22) – 3:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Сурия (U-22) |
3 |
2 |
1 |
0 |
2-0 |
7 |
2 |
Чин (U-22) |
3 |
2 |
0 |
1 |
5-2 |
6 |
3 |
Малӣ (U-22) |
3 |
1 |
0 |
2 |
3-4 |
3 |
4 |
Тоҷикистон (U-22) |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-5 |
1 |