Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Qingdao Judo Masters 2019" маълум шуданд


Чаҳор паҳлавони маъруфи тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - дар мусобиқаи ҷаҳонии устодони ҷудо "Qingdao Masters 2019" , ки рӯзҳои 12-14-уми декабр дар шаҳри Қингдаои Чин баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар "Qingdao Judo Masters 2019" бар асоси қуръакашӣ, ки 11-уми декабр доир гардид, маълум шуданд.

Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо Ҷиованнӣ Эспозито аз Италия қувваозмоӣ мекунад. Дар ин вазн Беҳрӯзи Хоҷазода аввалин рақобаташро бо Билол Ҷилоғлу аз Туркия баргузор мекунад. Дар вазни то 73 кило ҳамагӣ 30 гуштигир иштирок менамояд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ба рақобат аз даври дувум мепардозад. Рақиби ӯ Рафаэл Македо аз Бразилия мебошад. Дар ин вазн теъдоди варзишгарон аз ҳама бештар – 35 нафар – аст.

Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило дар даври аввал бо Стефан Ҳегйи аз Австрия вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн теъдоди ширкаткунандагон 31 нафар мебошад.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи ҷаҳонии “Qingdao Masters 2019” ширкати 446 гуштигир (228 мард ва 218 зан) аз 67 кишвари панҷ қитаъи олам дар назар аст. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) сурат мегирад.

Рӯзи 12-уми декабр занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи 13-уми декабр барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи 14-уми декабр бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, ду гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - рӯзи ҷумъаи 13-уми декабр ва ду нафари дигар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов – рӯзи шанбеи 14-уми декабр ба рақобат мепардозанд.

Варзишгарон дар мусобиқаи ҷаҳонии “Qingdao Masters 2019”, ки дар мавсими имсола охирин аст, ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон 200 имтиёз мегиранд. Барои ҷойи аввал 1800 имтиёз, барои ҷойи дувум 1260 имтиёз, барои ҷойи севум 900 имтиёз, барои ҷойи панҷум 648 имтиёз, барои ҷойи ҳафтум 468 имтиёз муқаррар шудааст.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 9000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 6000 доллар ва барои ду ҷойи севум 3000-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар ҳамин ҳол дар раддабандии ҷаҳонӣ, ки дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, дар вазни то 73 кило бо 2868 имтиёз дар ҷойи 17-ум қарор дорад. Ӯ дар раддабандии инфиродии олимпӣ дар вазни то 73 кило бо 2554 имтиёз ҷойи 12-умро ишғол кардааст.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кило бо 2549 имтиёз дар зинаи 20-ум ҷойгир шудааст. Ӯ дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 1998 имтиёз ҷойи 19-умро ишғол кардааст.

Комроншоҳи Устопириён дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни то 90 кило бо 2570 имтиёз дар ҷойгоҳи 18-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 1148 имтиёз дар ҷойгоҳи 35-ум қарор дорад.

Темур Раҳимов дар раддабандии ҷаҳонӣ дар вазни беш аз 100 кило бо 1947 имтиёз ҷойи 27-ум ва дар раддабандии инфиродии олимпӣ бо 1533 имтиёз ҷойи 24-умро ишғол кардааст.

Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 то 20-уми майи соли оянда имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст биёранд ва мавқеашонро дар раддабандии инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) моҳи июни соли 2020 раддабандии ниҳоии инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG