Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Чин. Ин дафъа ба Малӣ


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22) дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019 аз мунтахаби олимпии Малӣ (U-22) бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 11-уми декабр дар варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre»-и шаҳри Жуҳай баргузор шуд. Голҳоро Малик Қамар, дар дақиқаи 45-ум, Алишер Баротов, дар дақиқаи 60-ум – ба дарвозаи худ ва Усмон Думбия, дар дақиқаи 89-ум заданд.

Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқа мунтахаби олимпии Сурия (U-22) бар мунтахаби олимпии Чин (U-22) бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019” аз дастаи мизбон - мунтахаби олимпии Чин - бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буд.

Баъди натиҷагирии даври дувуми мусобиқа дар ҷадвал мунтахаби Сурия бо шаш имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаҳои Малӣ ва Чин бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин - чаҳорум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) дар даври охирини мусобиқа 14-уми декабр бо мунтахаби Сурия рақобат мекунад. Бозии дигари даври севум рӯзи шанбе миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Чин ва Малӣ доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

Даври 1-ум

Чин (U-22) – Тоҷикистон (U-22) 2:1

Голҳо: Жанг Линфенг, 55 (1:0). Шериддин Бобоев, 61 (1:1). Тиан Ксин, 90+1 (2:1).

8-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre».

Сурия (U-22) – Малӣ (U-22) 1:0

Даври 2-юм

Малӣ (U-22) – Тоҷикистон (U-22) – 3:0

Голҳо: Малик Қамар, 45 (1:0). Алишер Баротов, 60 – ба дарвозаи худ (2:0). Усмон Думбия, 89 (3:0).

Тоҷикистон (U-22): Муҳриддин Ҳасанов, Табрези Давлатмир, Алишер Баротов (Саидмухтор Азимов, 85), Доробҷон Эргашев (Отабек Каримов, 46), Зоир Ҷӯрабоев, Ҳоҷибой Зиёев (Ислом Зоиров, 46), Мунир Давлатбеков (Кароматулло Саидов, 55), Шервонӣ Мабатшоев (Шарафҷон Солеҳов, 46), Ҳамадонӣ Камолов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Шаҳром Самиев (Диловаршо Ғаниев, 75), Тоҳир Малодӯстов (Шериддин Бобоев, 46).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

11-уми декабр. Жуҳай. Варзишгоҳи «Zhuhai Sports Sentre».

Сурия (U-22) – Чин (U-22) – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Сурия (U-22)

2

2

0

0

2-0

6

2

Малӣ (U-22)

2

1

0

1

3-1

3

3

Чин (U-22)

2

1

0

1

2-2

3

4

Тоҷикистон (U-22)

2

0

0

2

1-5

0



Даври 3-юм

14-уми декабр (шанбе)

12:00. Тоҷикистон – Сурия
16:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG