Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳусейн Шодиев: Мақсади мо ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтан аст. САДО


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 оид ба футзал 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуд. Ба гурӯҳи “А” Туркманистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Умон, ба гурӯҳи «B» Ҷопон, Лубнон, Қирғизистон, Кувайт, ба гурӯҳи «C» Узбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, ба гурӯҳи «D» Эрон, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ дохил шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ аввалин бозиашро 26-уми феврал муқобили мунтахаби Ветнам баргузор мекунад. Баъдан 28-уми феврал бо дастаи мизбон - Туркманистон - вориди рақобат мешавад. Бозии даври охирини сабқати гурӯҳиро мунтахаби Тоҷикистон 1-уми март бо мунтахаби Умон анҷом медиҳад.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба чорякфинал мебароянд. Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешавад.

Ҳусейн Шодиев, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ андешаҳояшро роҷеъ ба натоиҷи қуръакашӣ баён кард, инчунин дар бораи рақибони мунтахаби Тоҷикистон ва довталабони аслии унвони қаҳрамони Осиё иттилоъ дод. Вай, аз ҷумла, гуфт, "мақсади мо дар қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод ба даври чорякфиналӣ баромадан ва баъдан роҳ ёфтан ба қаҳрамонии ҷаҳон-2020 мебошад".

Гуфтугӯ бо Ҳусейн Шодиев, ёвари сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Гуфтугӯ бо Ҳусейн Шодиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG