Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони "Истиқлол" ва "Хуҷанд" маълум шуданд


Рақибони дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд бар асоси қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2020, ки имрӯз, 10-уми декабр, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, муайян шуданд.

Дар марҳилаи пешакии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 «Истиқлол» бо ноиб-қаҳрамони Узбекистон - «Локомотив»-и Тошканд - рақобат мекунад. Ин бозӣ 21-уми январ дар Тошканд баргузор мешавад. Дар мавриди пирӯзӣ бар «Локомотив» қаҳрамони Тоҷикистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 рӯзи 28-уми январ дар меҳмонӣ бо бошгоҳи «Ал-Аҳлӣ» аз Арабистони Саудӣ барои ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа баромадан талош меварзад.

Агар «Истиқлол» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 роҳ пайдо кунад, онгоҳ ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 иштирок менамояд.

Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2020

Марҳилаи дувуми пешакӣ

21 январ (сешанбе)

«Локомотив» (Узбекистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Плей-офф

28 январ (сешанбе)

«Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) – Ғолиби ҷуфти «Локомотив» (Узбекистон)/«Истиқлол» (Тоҷикистон)

Рақиби “Хуҷанд” ё “Нефтчӣ” ё “Аҳал”

Ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд - дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми АFC-2020 бо ғолиби даври пешакӣ «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон) рақобат мекунад.

Бозиҳои даври пешакии Ҷоми AFC-2020 бо ширкати «Нефтчӣ» ва «Аҳал» рӯзҳои 5-ум ва 12-уми феврал доир мегардад. «Хуҷанд» аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми АFC-2020 рӯзи 19-уми феврал дар сафар ва бозии ҷавобиро 26-уми феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Дар мавриди пирӯзӣ «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа мушарраф мешавад.

Даври гурӯҳии Ҷоми АFC-2020 дар минтақаи Марказӣ 10-уми март шуруъ шуда, 16-уми июн ба анҷом мерасад. Ба марҳилаи баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ, баъдан бозии асосӣ – ниҳоӣ доир мегардад.

Ҷоми АFC-2020

Минтақаи марказӣ

Марҳилаи пешакӣ. Бозии аввал

5 феврал (чоршанбе)

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон)

Марҳилаи пешакӣ. Бозии ҷавобӣ

12 феврал (чоршанбе)

«Аҳал» (Туркманистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Плей-офф. Бозии аввал

19 феврал (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

26 феврал (чоршанбе)

«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Нефтчӣ» (Қирғизистон)/«Аҳал» (Туркманистон)

XS
SM
MD
LG