Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти ду муҳоҷири тоҷик дар Русия. Худсарӣ ё талаби риояи тартибот?


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия Мақсудҷон Азизов ва Фирдавс Каримов, сокинони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистонро бо ҷурми поймол кардани қоидаи будубош ба пардохти ҷарима муваззаф кардаанд. Онҳо мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар ҷое зиндагӣ мекунанд, ки сабтином надоранд. Созмони "Тонг ҷаҳони" барои ба чолиш кашидани ин қарори полис ба муҳоҷирони тоҷик кумак мекунад. Ду сокини шаҳри Ваҳдат дар Маскав машғули таъмири хона ҳастанд.

Маъмурони полиси яке аз ноҳияҳои шаҳри Маскав шаби 8 ба 9-уми декабр ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз хонае, ки дар он кор мекарданд, ба идораи полис бурдаанд. Валентина Чупик, мудири иҷроии созмони “Тонг ҷаҳони”, гуфт, полис ин воқеиятро нодида мегирад, ки "шаҳрвандон дар маҳалли кор қарор доштанд ва бо либоси корӣ буданд".

Мақсуд Азизов 26-сола аст ва 8 соли охир ба ҳайси муҳоҷири корӣ ба Русия меравад. Ӯ ҳоло дар Маскав ба таъмири хонаи як шаҳрванди Русия машғул аст. Ба ӯ тағову як бародарзодааш кумак мекунанд. Азизов мегӯяд, бо ин ки санадҳои ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонаш қонунӣ ва пули патенташ пардохта шудааст, ҳангоми холӣ кардани партови масолеҳи сохтмонӣ боздошт шуд.

“Ба хона даромаданд. Мо гуфтем, ки аввал ҳуҷҷат нишон диҳед. На дуздем, на роҳзанем, мо ҳуҷҷат дорем, пули патентро медиҳем. Ба мо гуфтанд, ки либосҳоро пӯшед, ба шӯъба меравед. Гуфтем, дар кадом асос? Гуфтем, ки шумо беш аз се соат ҳақ надоред моро нигоҳ доред," -- нақл кард ин муҳоҷири тоҷик.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро полис соати даҳуними шаби 8-уми декабр ба Шӯъбаи умури дохилии Нагатинский Затон бурда, то тахминан соати 12-и рӯзи 9-уми декабр дар боздоштгоҳ нигоҳ доштааст.

Мақсуд Азизов гуфт, ходимони полис ба гапи онҳо гӯш надоданд, аз ҷумла, ин ки онҳо чанд сол аст, дар як хона зиндагӣ ва дар ҳамон ҷо сабтином шудаанд. Инчунин нахостаанд дурустии ин санадро аз соҳиби хона ҳам бисанҷанд.

Мақсуд Азизов гуфт, вақте онҳоро ба шӯъба бурданд, дар як утоқе ҷой доданд, ки хеле сард буд: “То саҳар дар як тахтаи холӣ ҷой доданд. Миёнам хеле дард кард. То саҳар ба ҳамин аҳвол монданд. Дари хонаро мезанӣ-мезанӣ, як бор боз мекунад, ҳоҷатхона меравӣ, тамом”.

Ӯ гуфт, то саҳар беғизову об дар ҳамин утоқи сарду бешароит нигоҳ доштанд.

Рӯзи душанбе бар асоси қарори полис, Каримов ва Азизов дар нақзи кодекси маъмурӣ гунаҳкор ва ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима шуданд. Ҳукме, ки ба қавли ин ду муҳоҷири корӣ, ноодилона ва ғайриқонунӣ аст, вале онҳо, ба гуфтаашон, дигар илоҷе ҷуз иҷро кардани амри полисро надоранд.

Фирдавс Каримов 19 сол дорад ва ӯ ҳам аз он ки боздошт ва ҷарима шуд, шикоят кард. Ӯ мегӯяд, ҷаримаи ахир хароҷоти бе ин ҳам гарону сахти онҳоро сангинтар мекунад. Фирдавс мегӯяд, дар фазои бекорие, ки дар Тоҷикистон ҳукмфармост, илоҷи дигаре ба ҷуз идомаи кор дар Русияро надорад. Вале ба гуфтааш, то рафт кору зиндагӣ дар ин кишвар барои ӯву дигар муҳоҷирони кории хориҷӣ мушкилтар мешавад.

Як сабабаш болоравии нархҳо, аз ҷумла, тасмими ахири ҳукумати Русия барои боло бурдани нархи патенти кор аз соли нав аст. Дар шаҳри Маскав, ки соли 2017 аз ҳисоби патенти кор барои хориҷиҳо 17,4 миллиард рубл даромад дидааст, нархи патенти ҳармоҳа аз 5 ҳазор рубл ба 5350 рубл боло бурда мешавад.

“Шароити зиндагӣ дар Маскав душвор мешавад. Дар бахши сохтмон дигар кор карда намешавад. Пули патент медиҳӣ, пули ғизо, пули иҷора, пули роҳ. Ҳамааш хароҷот аст. Наравем ҳам, намешавад. Падару модар, хоҳару додар ҳастанд, онҳоро хӯронда пӯшондан даркор”, -- афзуд ӯ.

Ӯ мегӯяд, барои хонаводааш 2 ҳазор сомонӣ барои харҷи хона, мисли пули барқу газ ва ҳам пули дигарро барои таҳсили додару хоҳаронаш дар мактаб сарф мекунад.

Бо назардошти ин ҳама, мегӯяд Фирдавс Каримов, ӯ ҳоло бояд фавран аз паи пардохти ҷарима шавад, то ки мақомоти рус ӯро аз хоки кишвар берун накунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки бисёр вақт сохторҳои ҳифзи қонуни Русия бо назардошти ҳамингуна дастнигар ва мӯҳтоҷи кору даромад будани муҳоҷирони тоҷик онҳоро азият мекунанд. Мақомоти пулис мегӯянд, онҳо риояи тартиботро талаб мекунанд, на чизи дигар.

Валентина Чупик, ки аз лаҳзаҳои аввали рӯй додани ҳодиса хабардор шуда, ба идораҳои полису додистонӣ барои озод кардани муҳоҷирони тоҷик муроҷиат кардааст, мегӯяд, шоми 9-уми декабр тасмим гирифт, ба муҳоҷирони тоҷик дар бекор шудани қарори пардохти ҷарима мусоидат кунад.

Ӯ мегӯяд, ҳодисае, ки бо ду шаҳрванди Тоҷикистон рух дод, "як худсарӣ аст ва заминаҳои коррупсионӣ дорад”.

"Азбаски маъмурони ҳифзи қонун беҷазо мемонанд, чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳанд," -- афзуд ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, соле шоҳиди якуним-ду ҳазор чунин ҳолат мешавад ва аммо боздоштҳои ба қавли ӯ ғайриқонуниро рӯзе даҳҳо бор шоҳид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолате, ки муҳоҷир бегуноҳ асту омода аст барои исботи бегуноҳиаш амал кунад, мешавад зидди чунин худсариҳо мубориза бурд, вале дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирони корӣ метарсанд.

“Онҳо мехоҳанд пора диҳанд, вале аз баҳс кардан ҳарос доранд. Онҳо хаёл мекунанд, ки ҳимояти ҳуқуқи худ хатарнок ва хатарноктар аз додани пора аст,” -- мегӯяд ин фаъоли ҳуқуқи башар.

Соле беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия бо ҳадафи кору зиндагӣ сафар мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG