Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Толибон азсаргирии музокираҳоро тасдиқ карданд


Мулло Абдулғанӣ Бародар - аз чап сеюм - раҳбарии музокираҳо дар Қатарро ба дӯш дорад. Акс аз моҳи маи соли 2019, Русия
Мулло Абдулғанӣ Бародар - аз чап сеюм - раҳбарии музокираҳо дар Қатарро ба дӯш дорад. Акс аз моҳи маи соли 2019, Русия

Гузоришҳо ҳокист, ки нахустин бор баъди бо қарори президенти ИМА Доналд Трамп ногаҳон қатъ шудани музокираҳо бо Толибон, ки шароити хатми ҷанги 19-сола дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд, ҳам ИМА ва ҳам Толибон расман дар бораи азсаргирии ин гуфтугӯҳо хабар доданд. Ин гузоришҳо ҳокист, ки фиристодаи ИМА Залмай Халилзод рӯзи 7 декабр дар макони қаблӣ дар Қатар бо мақомоти Толибон мулоқот карда, инчунин рӯзи 8 декабр ҳам ин гуфтугӯҳоро идома додааст. Азсаргирии ногаҳонии музокираҳо баъди он имконпазир шуд, ки рӯзи 28 ноябр президенти ИМА Доналд Трамп бо як сафари ғайримунтазира ҷашни амрикоии шукргузориро дар Афғонистон ва дар ҳайати низомиёни кишвараш таҷлил кард. Ӯ дар ин сафар изҳори умедворӣ кард, ки “Толибон мехоҳанд созиш кунанд ва мо ҳам бо онҳо мулоқот мекунем”. Вале то рӯзи 7 декабр ҳеҷ як аз ҷонибҳо азсаргирии гуфтугӯҳоро расман тасдиқ накарданд.

Дар изҳороти ИМА гуфта мешавад, ки дар мулоқотҳои нав Толибон бояд ваъда супуранд, ки хушунатҳо хотима меёбанд, вале ҳадафи азими дарозмуддат хатми ҳамешагии ҷанг мебошад. Гуфта шуд, ки раҳбари бахши сиёсии Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар раҳбарии музокиротро ба ӯҳда мегирад. Толибон, ки нисфи Афғонистонро назорат мекунанд, аз барпо кардани гуфтугӯҳо бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ кардаанд. Ин гурӯҳи ифротӣ ҳукумати марказӣ дар Кобулро “як лӯхтаки Амрико” номидааст. Халилзод, ки бар асоси бархе хабарҳо ҳафтаи гузашта дар Кобул бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дидору гуфтугӯ карда буд, мехоҳад Толибонро водор кунад, ки барои ширкат дар музокироти сиёсӣ намояндагони ҳукумати Афғонистон ҳам роҳ дода шаванд.

XS
SM
MD
LG