Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад


Бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) теъдоди бошгоҳҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо иштирок мекунанд, афзун гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар додааст.

Ба иттилои ин манбаъ, сар аз соли 2021 дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC на 32 бошгоҳ, чунонки пештар буд, балки 40 бошгоҳ ширкат меварзад. Қаҳрамони Тоҷикистон-2020 ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи аз ҳама пурнуфузи бошгоҳии Осиё иштирок намояд.

Ба ғайр аз ин, соли 2021 ду бошгоҳи Тоҷикистон – барандаи Ҷоми миллӣ ва ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар-2020 (агар қаҳрамон ва барандаи Ҷом як даста гардад, онгоҳ ҷоизадорони нуқра ва биринҷӣ) дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2021 аз Тоҷикистон намояндагӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон-2018, ки 12-уми феврали соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2019 аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд, аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG