Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Соро компания" қаҳрамони дукаратаи футзали Тоҷикистон шуд


Мавсими имсолаи лигаи касбии футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи «Соро компания»-и Душанбе ба поён расид. Ин даста, ки таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов барои дувумин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2020 мушарраф гардид.

“Соро компания” дар бозии чаҳоруми силсилаи ниҳоии қаҳрамонии Тоҷикистон, ки 8-уми декабр доир шуд, бар дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад. Ҳисоби умумӣ 3:1 ба нафъи душанбегиҳо шуд. “Соро компания” бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии футзали Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Медалҳои нуқра барои севумин бор насиби дастаи «Сипар» гардид. Дастаи «Помир»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Финал. Бозии чаҳорум

«Соро компания» – «Сипар» – 5:2

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 1 (1:0). Собирҷон Гулаков, 10 (2:0). Файзалӣ Сардоров, 11 (3:0). Меҳрони Ризопур, 15 (3:1). Вахтанг Кекелия, 15 (4:1). Файзалӣ Сардоров, 19 (5:1). Артур Юнусов, 26 (5:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).

Сардовар: Чингиз Мустафоев (Қирғизистон).

Ҳисоби умумӣ дар чаҳор бозӣ – 3:1.

Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Бозии чаҳорум

«Помир» – «Карон» – 7:1

Ҳисоби умумӣ дар чаҳор бозӣ – 3:1.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG