Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Локомотив-Помир" ғолиби лигаи аввали футболи Тоҷикистон шуд


Дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе дар мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ғолиб шуд ва ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2020 мушарраф гашт.

«Локомотив-Помир» бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии мавқуфгузоштаи даври 25-уми мусобиқаи лигаи аввал бо дастаи «Шоҳмансур»-и Душанбе, ки 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби бузурги 6:0 ғалаба кард.

Пирӯзӣ дар бозии охирин ба дастаи «Локомотив-Помир» имкон дод, ки бо 61 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намояд ва соҳиби медалҳои тилло, инчунин роҳхат ба лигаи олӣ гардад.

Зимнан, ба ҳайати «Локомотив-Помир» бозигарони мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки имсол дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони то 17-сола дар Бразилия ширкат карданд, дохиланд.

Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки бо 60 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, соҳиби медалҳои нуқра гардид. «Файзканд» ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои гузариш бо «Хатлон»-и Бохтар барои соли оянда дар лигаи олӣ иштирок кардан мушарраф шуд.

Дастаи “Душанбе-83”-и шаҳри Душанбе, ки бо 54 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми севумро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Тоҳир Малодӯстов, бозигари дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар бозиҳои мусобиқаи имсолаи лигаи олии Тоҷикистон ба дарвозаи рақибонаш 26 тӯб задааст, ҳамчун голзани беҳтарин бо ҷоизаи Федератсияи футболи кишвар сарфароз мегардад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

«Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур» – 6:0

Голҳо: Парвиз Ҳоҷиев, 5 (1:0). Азизбек Ҳасанов, 30 (2:0). Азизбек Ҳасанов, 33 (3:0). Ҷонибек Шарипов, 39 (4:0). Ҳамза Аҳтамов, 85 (5:0). Ҷонибек Шарипов, 89 (6:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷонибек Шарипов («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири бозӣ: Ҳамза Пиров (Шаҳринав).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

26

19

4

3

80-24

61

2

«Файзканд» (Восеъ)

26

18

6

2

65-22

60

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

26

16

6

4

48-20

54

4

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

26

15

5

6

51-19

50

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

15

5

6

62-45

50

6

«Равшан» (Кӯлоб)

26

15

4

7

55-29

49

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

26

14

3

9

44-29

45

8

«Саройкамар» (Панҷ)

26

10

6

10

38-31

36

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

26

10

5

11

51-51

35

10

«Ҳулбук» (Восеъ)

26

9

5

12

48-51

32

11

«Исфара» (Исфара)

26

5

1

20

24-65

16

12

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

26

4

0

22

34-86

12

13

«Шоҳмансур» (Душанбе)

26

2

4

20

28-91

10

14

«Зарафшон» (Панҷакент)

26

2

2

22

12-76

8

Нишонзанҳо: Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ») – 26 тӯб, Ҷӯрабой Исоев («Эсхата») – 16 тӯб, Муҳсин Мадуллоев («Файзканд») – 14 тӯб, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Далер Чолов («Равшан») – 13-тӯбӣ.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG