Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо Чин, Малӣ ва Сурия бозӣ мекунад


Акс аз сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22) барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019” ба Чин расид.

Ин мусобиқа аз 8-ум то 14-уми декабр дар шаҳри Чжуҳай баргузор мешавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) 8-уми декабр бо дастаи мизбон - мунтахаби олимпии Чин, 11-уми декабр бо мунтахаби Малӣ ва 14-уми декабр бо мунтахаби Сурия рақобат мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давра доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар 22 бозигар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – дохил аст.

Рӯзи шанбеи 6-уми декабр дар Чин нахустин тамрини мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев доир гардид.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Саидмухтор Азимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама аз «Кӯктош»), Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»), Парвизҷон Алиев («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Локомотив-Помир»), Шарафҷон Солеҳов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

Даври 1-ум

8-уми декабр (якшанбе)
12:00. Сурия – Малӣ
16:35. Чин – Тоҷикистон

Даври 2-юм

11-уми декабр (чоршанбе)
12:00. Малӣ – Тоҷикистон
16:35. Сурия – Чин

Даври 3-юм
14-уми декабр (шанбе)
12:00. Тоҷикистон – Сурия
16:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG