Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Локомотив-Помир" - як қадам то пирӯзӣ дар лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Ба дастаи "Локомотив-Помир"-и Душанбе, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 24-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бар тими "Барқчӣ"-и Ҳисор бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд, барои ба лигаи олӣ баромадан дар мавсими соли 2020 як қадам мондааст.

Дар бозии хотимавии мусобиқаи лигаи аввал «Локомотив-Помир» бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бо дастаи «Шоҳмансур»-и Душанбе, ки дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи пешазохирин қарор дорад, рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.

Дар мавриди пирӯзӣ дар бозии охирин муқобили “Шоҳмансур” дастаи «Локомотив-Помир» дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал мақоми аввалро касб мекунад ва соҳиби медалҳои тилло, инчунин роҳхат ба лигаи олӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол «Локомотив-Помир» бо 58 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.

Дастаи «Файзканд»-и Восеъ, ки ҳоло бо 60 имтиёз дар ҷойи аввал аст, дар мавриди пирӯзии «Локомотив-Помир» дар бозии охирин муқобили “Шоҳмансур” бо медалҳои нуқра сарфароз мегардад ва ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои гузариш бо «Хатлон»-и Бохтар барои соли оянда дар лигаи олӣ иштирок кардан мушарраф мегардад.

Дастаи “Душанбе-83”, ки бо 54 имтиёз дар ҷадвли мусобиқа мақоми севумро касб намуд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Бозии мавқуфгузоштаи даври 24-ум

«Барқчӣ» – «Локомотив-Помир» – 1:5

Голҳо: Умедҷон Рамазонов, 2 (1:0). Эмомалӣ Аҳмадхон, 54 (1:1). Ислом Зоиров, 60 (1:2). Муҳаммадрасул Лутфуллоев, 66 (1:3). Парвиз Ҳоҷиев, 70 (1:4). Парвиз Ҳоҷиев, 84 (1:5).

Беҳтарин бозигари дидор: Ҷонибек Шарипов («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

2-юми декабр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Файзканд» (Восеъ)

26

18

6

2

65-22

60

2

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

25

18

4

3

74-24

58

3

«Душанбе-83» (Душанбе)

26

16

6

4

48-20

54

4

«Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд)

26

15

5

6

51-19

50

5

«Эсхата» (Хуҷанд)

26

15

5

6

62-45

50

6

«Равшан» (Кӯлоб)

26

15

4

7

55-29

49

7

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

26

14

3

9

44-29

45

8

«Саройкамар» (Панҷ)

26

10

6

10

38-31

36

9

«Барқчӣ» (Ҳисор)

26

10

5

11

51-51

35

10

«Ҳулбук» (Восеъ)

26

9

5

12

48-51

32

11

«Исфара» (Исфара)

26

5

1

20

24-65

16

12

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

26

4

0

22

34-86

12

13

«Шоҳмансур» (Душанбе)

25

2

4

19

28-85

10

14

«Зарафшон» (Панҷакент)

26

2

2

22

12-76

8

Нишонзанҳо: Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ») – 26 тӯб, Ҷӯрабой Исоев («Эсхата») – 16 тӯб, Муҳсин Мадуллоев («Файзканд») – 14 тӯб, Рустам Соиров («Локомотив-Помир»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Далер Чолов («Равшан») – 13-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 25-ум

5-уми декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣсоати 14:00

«Локомотив-Помир» – «Шоҳмансур»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG