Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Месси бори шашум соҳиби "Тӯби тиллоӣ" шуд


Лионел Месси, ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания ва мунтахаби Аргентина беҳтарин футболбоз дар соли 2019 эътироф шуд ва бо ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" сарфароз гашт.

Маросими супурдани ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ", ки онро нашрияи "France Football" ташкил кардааст, рӯзи душанбеи 2-юми декабр дар Театри Шатле дар Порис доир гардид.

Месси бо "Барселона" бори 10-ум ба унвони қаҳрамонии Испания даст ёфт, инчунин барои шашумин бор нишонзани беҳтарини қаҳрамонии Испания (37 гол) ва Лигаи қаҳрамонҳо (12 гол) шуд.

Барои Мессии 32-сола ин "Тӯби тиллоӣ" шашумин дар фаъолияти бозигариаш мебошад. Аз ин пеш ӯ солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 барандаи ин ҷоиза шудааст.

Аз рӯи теъдоди "Тӯби тиллоӣ" Месси аз Криштиану Роналдуи португолӣ, ки панҷ бор ин ҷоизаро ба даст овардааст, пеш гузашт.

Рӯйхати даҳ бозигари беҳтарини ҷаҳон дар соли 2019

1. Лионел Месси («Барселона»)

2. Вирҷил ван Дейк («Ливерпул»)

3. Криштиану Роналду («Ювентус»)

4. Садио Мане («Ливерпул»)

5. Муҳаммад Салоҳ («Ливерпул»)

6. Килиан Мбаппе («ПСЖ»)

7. Алиссон Беккер («Ливерпул»)

8. Роберт Левандовский («Бавария»)

9. Бернарду Силва («Манчестер Сити»)

10. Рияд Марез («Манчестер Сити»)

XS
SM
MD
LG