Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои ширкаткунандаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон маълум шуданд


Ҳамаи шонздаҳ дастаи мунтахаби ширкаткунандаи марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни ҷавонон, ки аз 14-ум то 31-уми октябри соли оянда дар Узбекистон доир мегардад, маълум шуд.

Ба ҷуз аз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки қаблан дар марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи “С” ҷойи аввалро соҳиб шуда буд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 ғолибони 10 гурӯҳи дигар роҳхат гирифтанд – Ироқ (гурӯҳи “А”), Қатар (гурӯҳи “В”), Эрон (гурӯҳи “D”), Баҳрайн (гурӯҳи “Е”), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи “F”), Малайзия (гурӯҳи “G”), Австралия (гурӯҳи “Н”), Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи “I”), Ҷопон (гурӯҳи “J”) ва Индонезия (гурӯҳи “K”).

Ҳамчунин, чаҳор дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтар ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо кард – Лаос (гурӯҳи “Н”), Ветнам (гурӯҳи “J”), Яман (гурӯҳи “В”) ва Камбоҷа (гурӯҳи “G”).

Аз кишварҳое, ки ба Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) шомиланд, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон мунтахабҳои Тоҷикистон ва Эрон роҳхат гирифтанд, вале дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон 16 дастаи мунтахаб - Узбекистон (мизбон), Ироқ, Қатар, Тоҷикистон, Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Индонезия, Лаос, Ветнам, Яман, Камбоҷа – иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” авоили моҳи октябри имсол дар Душанбе доир гардид. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар ҳарсе бозӣ бар дастаҳои Ҷазираҳои Молдив (9:0), Лубнон (1:0) ва Сурия (1:0) ғолиб омад, бо 9 имтиёз дар ин гурӯҳ мақоми аввалро касб намуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.

XS
SM
MD
LG