Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сорбон Латифов барандаи ҷоизаи президенти Қазоқистон шуд


Сорбон Латифов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 30-юми ноябр – 1-уми декабр дар толори варзишии «B-Platinum»-и шаҳри Нурсултон баргузор шуд, наздики 150 гуштигир (мардону занон) аз 12 кишвар ширкат дошт.

Маҳмуд Абдуллоев, довари мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон ва дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Мусобиқа оид ба самбои варзишӣ миёну мардон ва занон, инчунин самбои размӣ байни мардон доир гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ чаҳор варзишгар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ кард. Аз байни онҳо танҳо Сорбон Латифов медал гирифт. Ӯ дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 62 кило мақоми севумро ишғол кард. Дар ин вазн Белек Бараканов аз Қирғизистон, ки дар финал бар Фуад Маммадов аз Озарбойҷон ғолиб шуд, соҳиби медали тилло гардид.»

Ёдовар мешавем, Сорбон Латифов моҳи ноябри имсол дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Чҳонҷуи Кореяи Ҷанубӣ дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои президенти Қазоқистон боз се гуштигири тоҷик оид ба самбои размӣ ширкат дошт. Вале ҳарсе - Акмал Давлатов дар вазни то 62 кило, Муҳаммад Гуреззода дар вазни то 68 кило ва Шаҳром Шералов дар вазни то 82 кило -- дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

XS
SM
MD
LG