Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CAFA-2019 -- Узбекистон ғолиб, Эрон дувум ва Тоҷикистон севум шуданд


Мунтахаби олимпии занонаи Узбекистон(U-23) ғолиби қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) гардид. Тими Эрон мақоми дувум ва мунтахаби Тоҷикистон мақоми севумро касб намуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз 22-юм то 28-уми ноябр дар варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бо ширкати шаш дастаи мунтахаби занона аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон доир гардид.

Мунтахаби Узбекистон, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш пирӯз шуд, бо 15 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд. Қобили қайд аст, ки занони футболбози узбек ба дарвозаи рақибонашон 29 тӯб зада, ягон гол нахӯрданд. Ба мунтахаби Узбекистон Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим гардид.

Мунтахаби Эрон, ки бо 12 имтиёз ҷойи дувумро азони худ кард, барандаи медалҳои нуқра гардид.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бо 7 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд. Мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол кард. Дастаҳои Афғонистон ва Туркманистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои панҷуму шашум қарор гирифтанд.

Дар даври охирини мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 28-юми ноябр мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид.

Аз ин пеш мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2019 аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, дар даври дувум бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, баъдан бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:1 ва бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.

Ду бозии дигари даври панҷум 28-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Мунтахаби Туркманистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ва тими Эрон бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 7:0 пирӯз шуданд.

Ҷоизаи «Fair Play» ба мунтахаби Афғонистон супурда шуд. Ҷоизаи вижа насиби мунтахаби Туркманистон гардид, ки дар ин мусобиқа барои аввалин бор ширкат кард. Хоҷар Даббоғӣ, бозигари мунтахаби Эрон, ки ҳашт тӯб задааст, беҳтарин нишонзани қаҳрамонии CAFA-2019 шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари судовар (MVP) насиби Умеда Зоирова (Узбекистон) гардид.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Узбекистан – 0:3

Голҳо: Дилдора Нозимова, 2 (0:1). Умеда Зоирова, 8 (0:2). Нилуфар Қудратова, 32 (0:3).

Огоҳӣ гирифтанд: Лайло Шодиева, Нилуфар Қудратова (Узбекистон).

Сардовар: Асов Ҷавҳарӣ (Эрон).

28-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии Ҳисор. 75 тамошобин.

Қирғизистон – Туркманистон – 0:2

Голҳо: Гузал Ортиқова, 19 (0:1). Маҳим Раҷабова, 87 (0:2).

Огоҳӣ гирифтанд: Зарина Аҳмадқулова, Сатиней Оқилбекова (Қирғизистон), Ширин Маммадназарова (Туркманистон).

Сардовар: Нодира Мирзоева (Тоҷикистон).

28-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 39 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 7:0

Голҳо: Ҳоҷар Даббоғӣ, 14 (1:0). Фотима Гароилӣ, 33 (2:0). Ҳоҷар Даббоғӣ, 38 (3:0). Заҳро Маъсумӣ, 64 (4:0). Ҳоҷар Даббоғӣ, 66 (5:0). Фотима Шубон, 85 (6:0). Фотима Амина Барозҷонӣ, 90+4 (7:0).

Сардовар: Кристина Борисова (Узбекистон).

28-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 121 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

5

5

0

0

29-0

15

2

Эрон

5

4

0

1

22-3

12

3

Тоҷикистон

5

2

1

2

7-8

7

4

Қирғизистон

5

1

1

3

3-14

4

5

Афғонистон

5

1

0

4

3-26

3

6

Туркманистон

5

1

0

4

3-16

3

XS
SM
MD
LG