Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин пирӯзии занони футболбози тоҷик дар CAFA-2019


Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд.

Ин бозӣ 25-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Сахина Саидова, Зебонисо Абдуллоева, Сайрамҷон Холназарова, Некӯбахт Худододова ва Ҷонона Ҳалимова ба самар расониданд. Як голи мунтахаби Афғонистон ба Фотима Ҳайдарӣ марбут аст.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, дар даври дувум бозиро бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд.

Пешсафони мусобиқа – дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон – дар даври севум низ пирӯз шуданд. Дастаи Узбекистон мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби 7:0 ва тими Эрон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 6:0 шикаст доданд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа мунтахабҳои Узбекистон ва Эрон бо нӯҳимтиёзӣ пешсафанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷойи севум аст. Мунтахаби Афғонистон бо се имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва дастаи Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи панҷум қарор доранд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум - ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) рӯзи сешанбеи 26-уми ноябр доир мегардад. Бозии марказии ин давр миёни ду дастаи пешсаф - Узбекистон ва Эрон, ки барои медалҳои тилло талош доранд, сурат мегирад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 14:00 шуруъ мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар даври чаҳорум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Туркманистон рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 17:00 оғоз меёбад.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Афғонистон – 5:1

Голҳо: Сахина Саидова, 39 (1:0). Зебонисо Абдуллоева, 68 (2:0). Сайрамҷон Холназарова, 78 (3:0). Некӯбахт Худододова, 80 (4:0). Фотима Ҳайдарӣ, 84 (4:1). Ҷонона Ҳалимова, 90+2 (5:1).

Огоҳӣ гирифтанд: Марҷона Файзуллоева (Тоҷикистон), Манижа Саодат, Фотима Ҳайдарӣ (Афғонистон).

25-уми ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 45 тамошобин.

Қирғизистон – Эрон – 0:6

Голҳо: Фотима Шаъбон, 46 (0:1). Ҳаҷар Даббоғӣ, 55 (0:2). Ҳаҷар Даббоғӣ, 57 (0:3). Фотима Қосимӣ, 63 (0:4). Фотима Шаъбон, 84 (0:5). Фотима Қосимӣ, 90+1 (0:6).

Огоҳӣ гирифтанд: Ойпарӣ Саскеева (Қирғизистон), Гузал Баниталабӣ, Фотима Қосимӣ, Сано Содиқӣ (Эрон).

25-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 48 тамошобин.

Туркманистон – Узбекистон – 0:7

Голҳо: Шаҳризода Зайниддинова, 4 (0:1). Мафтуна Шоимова, 21 – аз пеналтӣ (0:2). Мафтуна Шоимова, 43 (0:3). Комила Зарипова, 46 (0:4). Мадина Воҳидова, 48 (0:5). Тоҷинисохон Рашидова, 84 (0:6). Малика Бурҳонова, 85 (0:7).

Огоҳӣ гирифтанд: Майя Мусаская, Огулбоссан Саидмуродова (Туркманистон), Шаҳризода Зайниддинова (Узбекистон).

25-уми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 39 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

23-0

9

2

Эрон

3

3

0

0

15-0

9

3

Тоҷикистон

3

1

1

1

5-5

4

4

Афғонистон

3

1

0

2

3-16

3

5

Қирғизистон

3

0

1

2

0-12

1

6

Туркманистон

3

0

0

3

1-14

0

Даври 4-ум

26-уми ноябр (сешанбе)

14:00. Узбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Туркманистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Даври 5-ум

28-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00. Тоҷикистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

XS
SM
MD
LG