Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои Баҳодур Усмонов дар Қазоқистон


Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XII байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтақулӣ, поягузори бокси ҳаваскорӣ дар Қазоқистон, ки рӯзҳои 21-24-уми ноябр дар шаҳри Оқтов доир гардид, барандаи медали тило шуд.

Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни то 63 кило баъди ду пирӯзӣ бар Темирлан Кенирбоев ва Бағдот Увайдоев (ҳарду аз Қазоқистон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар нимфинал бар муштзани дигари қазоқ Зокир Сафиуллин дастболо шуда, ба финал баромад. Муштзани тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар намояндаи дигари Қазоқистон Ертуган Зейнуллин ғолиб омад.

Зимнан, ин шашумин медали Баҳодур Усмонов дар мавсими соли равон мебошад. Ӯ дар қаҳрамонии Осиё-2019 медали тилло ва дар мусобиқаҳои байналмилалии имсола 3 нишони тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст.

Вале варзишгари дигари тоҷик Иззатулло Алиев дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтақулӣ дар вазни то 52 кило дар даври аввал аз Куаниш Дуйсебой (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон (olympic.kz), дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтақулӣ, ки бори дувоздаҳум баргузор шуд, беш аз 70 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Узбекистон ширкат дошт.

Дар шаш вазн мизбонон ва дар ду вазн меҳмонон ғолиб шуданд. Муштзанҳои қазоқ Азат Махметов дар вазни то 52 кг, Серик Темиржанов дар вазни то 57 кг, Султон Шаршов дар вазни то 69 кг, Абилхон Амонқул дар вазни то 75 кг, Женис Нурас дар вазни то 81кг ва Муҳаммадҷон Еркин дар вазни беш аз 91кг бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Ба ҷуз аз Баҳодур Усмонов, боз як муштзани меҳмон аз Туркия Бек Нурмаганбет дар вазни то 91 кило медали тилло гирифт.

Бояд гуфт, ки барои муштзанҳои Осиё мусобиқаи литсензионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 моҳи феврали соли оянда дар Чин доир мегардад. Ин мусобиқаи вижа барои аввалин бор на аз рӯи қоидаҳои муқарраркардаи AIBA (Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ), балки аз рӯи қоидаҳое, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ муқаррар кардааст, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG