Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тиллои гуштигири навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё


Ислом Толибов, варзишгари тоҷик, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнонӣ-румӣ миёни наврасони то 15-сола медали тилло ба даст овард.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 57 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Соҳит Соҳит аз Ҳиндустон ва Алтинбек Жадрасинов аз Қазоқистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ислом дар нимфинал бар Йу Сианг Ҳанг аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Гуштигири навраси тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Алтинбек Жадрасиновро аз Қазоқистон шикаст дод ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод ва гуштии юнонӣ-румӣ) рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар Тайпейи Чин бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 кишвар баргузор шуд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар рақобатҳо оид ба гуштии юнонӣ-румӣ ва гуштии озод аз Тоҷикистон се варзишгари наврас ширкат варзида, ҳарсе бо медал сарфароз гардиданд.

Ба ҷуз аз Ислом Толибов, ду медали дигарро Насимҷон Турдибеков ва Муҳаммадамин Абдуллоев ба даст оварданд. Насимҷон дар сабқати гуштии юнонӣ-румӣ дар вазни то 68 кило дар ду қувваозмоӣ ғолиб шуда, ду рақобатро бохт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Муҳаммадамин бошад, дар мусобиқа оид ба гуштии озод дар вазни то 57 кило бо ду пирӯзӣ ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

XS
SM
MD
LG