Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии занони футболбози тоҷику қирғиз бидуни гол хотима ёфт


Мунтахаби олимпии занонаи Тоҷикистон (U-23) бозии дувумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) бо мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ин бозӣ 23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид. Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буд.

Пешсафони мусобиқа – дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Эрон – дар даври дувум низ пирӯз шуданд. Дастаи Узбекистон мунтахаби Афғонистонро бо ҳисоби 10:0 ва тими Эрон мунтахаби Туркманистонро бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахабҳои Узбекистон ва Эрон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Мунтахаби Афғонистон бо се имтиёз дар ҷойи севум аст. Дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои чаҳоруму панҷум қарор доранд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум - ҷойгир шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23), ки бо иштироки шаш дастаи мунтахаб аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон 22-юми ноябр дар шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор шуруъ шуд, то 28-уми ноябр идома хоҳад кард.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23) аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир
мегардад ва дастаи ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бадастоварда маълум хоҳад шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии занона (U-23)

Даври 2-юм

ТоҷикистонҚирғизистон – 0:0

Огоҳӣ гирифтанд: Зебонисо Абдуллоева (Тоҷикистон), Татяна Казначеева (Қирғизистон).

Сардовар: Салма Разавӣ (Эрон).

23-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 80 тамошобин.

Эрон – Туркманистон – 5:0

Голҳо: Фотима Шаъбон, 5 (1:0). Фотима Шаъбон, 8 (2:0). Даббағӣ Ҳаҷар, 11 (3:0). Даббағӣ Ҳаҷар, 23 (4:0). Фотима Гераелӣ, 45+1 (5:0).

Сардовар: Ясмин Ҳайдарӣ (Афғонистон).

23-юми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 37 тамошобин.

Узбекистон – Афғонистон – 10:0

Голҳо: Диёра Эркинова, 4 (1:0). Тоҷинисохон Рашидова, 5 (2:0). Тоҷинисохон Рашидова, 10 (3:0). Тоҷинисохон Рашидова, 13 (4:0). Тоҷинисохон Рашидова, 35 (5:0). Тоҷинисохон Рашидова, 45+1 (6:0). Диёра Эркинова, 47 (7:0). Тоҷинисохон Рашидова, 48 (8:0). Мадина Воҳидова, 54 – аз пеналтӣ (9:0). Лайло Шодиева, 90+2 (10:0).

Сардовар: Нодира Мирзоева (Тоҷикистон).

23-ми ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 35 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

2

2

0

0

16-0

6

2

Эрон

2

2

0

0

9-0

6

3

Афғонистон

2

1

0

1

2-11

3

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

0-4

1

5

Қирғизистон

2

0

1

1

0-6

1

6

Туркманистон

2

0

0

2

1-7

0

Даври 3-юм

25-уми ноябр (душанбе)

14:00. Тоҷикистон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
17:00. Туркманистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Даври 4-ум

26-уми ноябр (сешанбе)

14:00. Узбекистон – Эрон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Афғонистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Туркманистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе

Даври 5-ум

28-уми ноябр (панҷшанбе)

14:00. Тоҷикистон – Узбекистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор
14:00. Қирғизистон – Туркманистон. Варзишгоҳи марказии Душанбе
17:00. Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

XS
SM
MD
LG