Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Osaka Grand Slam 2019 мунтахаби Ҷопон ғолиб шуд


Мусобиқаи байналмилалии ҷудо бо номи Osaka Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар шаҳри Осака баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон - варзишгарони Ҷопон - ба поён расид.

Мунтахаби Ҷопон дар рақобатҳо миёни мардону занон бо касби 34 медал (11 тилло, 8 нуқра ва 15 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Русия думедалӣ (як тилло ва як биринҷӣ) гирифтанд. Бо дарназардошти ҷойҳои панҷуму ҳафтум дар рақобатҳои инфиродӣ фаронсавиҳо ҷойи дувум ва русиягиҳо ҷойи севумро ишғол карданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Osaka Grand Slam 2019 ҳамагӣ 481 варзишгар (276 мард ва 205 зан) аз 87 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон – доир гардид.

Дар Osaka Grand Slam 2019 аз Тоҷикистон се варзишгар иштирок кард. Сомон Маҳмадбеков дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Вале Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Медали биринҷии Сомон Маҳмадбеков ба дастаи Тоҷикистон имкон дод, ки дар байни 87 кишвар мақоми 16-умро соҳиб шавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Осака ба варзишгарон имкон дод, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳо ба даст биёранд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҳамчунин ҷоизаи молӣ супурда шуд: барои ҷойи аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ.

Ғолибон ва ҷоизадорони Osaka Grand Slam 2019

Мардон

-60 кг
1. ТАКАТО Наохиса (Ҷопон)
2. НАГАЯМА Рую (Ҷопон)
3. КИМ Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
3. ЯНГ Юнг Вей (Тайбэйи Чин)

-66 кг
1. АБЕ Хифуми (Ҷопон)
2. МАРУЯМА Ҷширо (Ҷопон)
3. АЙДА Юйи (Ҷопон)
3. НИШИЯМА Юки (Ҷопон)

-73 кг
1. ЕБИНУМА Масаши (Ҷопон)
2. ХАШИМОТО Сойчи (Ҷопон)
3. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
3. МАҲМАДБЕКОВ Сомон (Тоҷикистон)

-81 кг
1. НАГАСЕ Таканори (Ҷопон)
2. ФИҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)
3. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
3. ТЕПКАЕВ Турпал (Русия)

-90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. БОБОНОВ Давлат (Узбекистон)
3. ГВАК Донган (Кореяи Ҷанубӣ)
3. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)

-100 кг
1. ХАГА Рюносуке (Ҷопон)
2. ГАСИМОВ Элмар (Озарбойҷон)
3. ИИДА Кентаро (Ҷопон)
3. ВОЛФ Аарон (Ҷопон)

+100 кг
1. ТАСОЕВ Иван (Русия)
2. ОТА Ниога (Ҷопон)
3. КАГУЕРА Кокоро (Ҷопон)
3. ЮСУПОВ Алишер (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG