Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ: дар эътирозҳои Эрон беш аз 100 кас кушта шуд


Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ рӯзи чоршанбе эълом кард, ки бар "тавтеаи душман" пирӯз шуданд. Дар ҷаласаи девони вазирон, ки мустақиман ба воситаи телевизион намоиш дода мешуд, эътирозҳои ахири кишварашро дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ шарҳ дод.

"Мардуми Эрон бори дигар аз имтиҳон гузашт ва нишон дод, ки намегузорад душман аз вазъ сӯистифода кунад",-изҳор дошт Руҳонӣ. Ӯ афзуд, ки мардум ҳаққи эътироз ба амали ҳукуматро доранд.

Расонаҳои расмӣ аз эътирозҳои ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳрҳои гуногун хабар доданд. Ба иттилои расонаҳо, дар миёни боздоштшудаҳо сокиноне низ ҳастанд, ки шаҳрвандии дигар кишварҳо, аз ҷумла Туркия ва Олмонро доранд.

Мақомоти Эрон пас аз оғози эътирозҳо, задухурди кормандони пулис бо тазоҳургарон ва кӯшиши дуздии бонку муассисаҳои давлатӣ дастрасӣ ба Интернетро дар ин кишвар қатъ карданд.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International бо истинод ба шоҳидон ва фаъолони эронӣ иттилоъ додааст, ки дар натиҷаи пароканда кардани тазоҳургарон дар беш аз 20 шаҳри Эрон дасти кам 106 кас кушта ва наздики 1000 нафар боздошт шудаанд. Намояндаи Эрон низ аз ҳалокати даҳҳо нафар хабар дод. Мақомоти Эрон ин рақамҳоро рад мекунанд, вале шумори дақиқи қурбониёнро эълом намекунанд.

Эътирозҳо 15 ноябр якбора дар чандин шаҳри Эрон оғоз шуданд. Ба норозигии сокинон болоравии нархи бензин (тақрибан то ба 13 сент барои як литр) сабаб шуд. Мақомот гуфтанд, танҳо бо ҳамин роҳ имкони ҳалли мушкилиҳои иқтисодие вуҷуд дорад, ки дар пайи таҳримҳои ИМА ба миён омадаанд.

XS
SM
MD
LG