Рӯзи 19-уми ноябр 16 бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё дар ҳамаи ҳашт гурӯҳ доир гардид. Дар 7 бозӣ мизбонон ва дар 5 дидор меҳмонон ғолиб омаданд, 4 бозӣ мусовӣ шуд.
Ҳисоби аз ҳама бузург дар даври шашум дар бозии гурӯҳи В миёни тимҳои миллии Урдун ва Тайбейи Чин ба назар расид. Мизбонон - футболбозони мунтахаби Урдун - ба дарвозаи меҳмонон панҷ голи беҷавоб заданд.
Марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, даври 6-ум, 19-уми ноябр:
Гурӯҳи А:
Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам
Гуам - Молдив - 0:1
Филиппин - Сурия - 2:5
Дар ин гурӯҳ Сурия, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз шудааст, бо 15 имтиёз пешсаф аст. Чин ва Филиппин бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Молдив бо 6 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Гуам бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Гурӯҳи В:
Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал
Непал - Кувайт - 0:1
Урдун – Тайбэйи Чин - 5:0
Дар ин гурӯҳ Австралия бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Кувайт ва Урдун бо 10-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. Непал бо 3 имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошад. Тайбейи Чин бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор дорад.
Гурӯҳи С:
Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа
Ҳонконг - Камбоҷа - 2:0
Ироқ - Баҳрайн - 0:0
Дар ин гурӯҳ Ироқ бо 11 имтиёз пешқадам аст. Баҳрайн бо 9 имтиёз мақоми дувумро касб намудааст. Эрон бо 6 имтиёз мақоми севумро азони худ намудааст. Ҳонконг бо 5 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Камбоҷа бо як имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи D:
Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур
Узбекистон - Фаластин - 2:0
Яман - Сингапур - 1:2
Дар ин гурӯҳ Узбекистон бо 9 имтиёз аз 5 бозӣ пешсаф шуд. Арабистони Саудӣ, ки 4 бозӣ кардааст, бо 8 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Сингапур бо 7 имтиёз дар ҷойи севум аст. Яман бо 5 имтиёз дар зинаҳои чаҳорум ва Фаластин бо 4 имтиёз дар зинаи панҷум ҷойгир шудаанд.
Гурӯҳи E:
Қатар, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Бангладеш
Афғонистон - Қатар - 0:1
Умон - Ҳиндустон - 1:0
Дар ин гурӯҳ Қатар, қаҳрамони феълии Осиё, бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Умон бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Афғонистон бо 4 имтиёз дар ҷойгоҳи севум мебошад. Ҳиндустон бо 3 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва Бангладеш бо як имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум қарор доранд.
Гурӯҳи F:
Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон
Мянмар - Муғулистон - 1:0
Қирғизистон - Тоҷикистон - 1:1
Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 12 имтиёз пашсаф аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.
Гурӯҳи G:
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия
Ветнам - Тайланд - 0:0
Малайзия - Индонезия - 2:0
Дар ин гурӯҳ Ветнам бо 11 имтиёз ҷойи аввалро азони худ кардааст. Малайзия бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Тайланд бо 8 имтиёз ҷойи севум ва Иморот бо 6 имтиёз ҷойи чаҳорумро ишғол намудаанд. Индонезия, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ шикаст хӯрдааст, бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад.
Гурӯҳи H:
Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка
Туркманистон - Шри-Ланка - 2:0
Лубнон – Кореяи Шимолӣ - 0:0
Дар ин гурӯҳ Туркманистон бо 9 имтиёз аз 5 бозӣ пешсаф шуд. Кореяи Ҷанубӣ (4 бозӣ), инчунин Лубнон ва Кореяи Шимолӣ (5 бозӣ) бо 8-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувум, севум ва чаҳорум қарор доранд. Шри-Ланка бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.
Бояд тазаккур дод, дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 оид ба футбол 40 даста ширкат дорад, ки ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст.
Марҳилаи интихобӣ, ки 5-уми сентябри имсол шуруъ шуд, 9-уми июни соли 2020 ба поён мерасад. Дар марҳилаи дувум ҳар як даста ҳашт бозӣ анҷом медиҳад. 8 ғолиби гурӯҳ ва 4 дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.