Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се паҳлавони тоҷик дар Osaka Grand Slam 2019


Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Osaka Grand Slam 2019, ки рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, се паҳлавони тоҷик ширкат меварзад.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Osaka Grand Slam 2019 ширкати беш аз 500 варзишгар (мардону занон) аз 94 кишвар дар назар аст.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон се варзишгар - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то 73 кг) ва Акмал Муродов (дар вазни то 81 кг) - иштирок мекунанд.

Рӯзи ҷумъаи 22-юми ноябр занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – рақобат мекунанд. Рӯзи шанбеи 23-юми ноябр барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбе, 24-уми ноябр, бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, ҳарсе гуштигири тоҷик - Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов - рӯзи шанбеи 23-юми ноябр ба рақобат мепардозанд. Рақибонашон бар асоси қуръакашӣ рӯзи панҷшанбеи 21-уми ноябр маълум хоҳанд шуд.

Зимнан, мусобиқа дар Осака ба варзишгарон имкон медиҳад, ки ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳо ба даст биёранд. Барои медали тилло 1000 имтиёз, «нуқра» - 700 ва «биринҷӣ» - 500 имтиёз дода мешавад.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа ба ҷуз аз медалу имтиёз, ҳамчунин ҷоизаи молӣ тақдим мегардад. Маблағи бунёди ҷавоизи мусобиқа 150 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум - 5000 доллар, ҷойи 2-юм - 3000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1500-долларӣ.

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG