Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббиён: Бозии тимҳои миллии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳалкунанда аст


Усмон Тошев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Бишкек. 18-уми ноябри соли 2019

Рӯзи 18-уми ноябр дар Бишкек пеш аз бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон нишасти хабарӣ бо ҳузури сармураббиёни ҳарду даста баргузор шуд.

Дар ин нишаст нахуст Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, ки омодагӣ ба бозӣ аз рӯи нақша ҷараён дорад.

“Ҳолати бачаҳо хеле хуб аст. Мо мефаҳмем, ки бозӣ хеле масъулият дорад ва метавон гуфт, ки ҳам барои мо ва ҳам барои мунтахаби Қирғизистон ҳалкунанда мебошад. То имрӯз, 18-уми ноябр, ҳайати даста комил нест, ин ба баъзе мушкилиҳо бо гирифтани виза ва билетҳо бастагӣ дорад. Қисме аз бозигарон имрӯз ба Бишкек меоянд. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба бозӣ таъсир намерасонад, бачаҳо дар Тошканд тамрин карданд ва онҳо аллакай ба Бишкек парвоз мекунанд. Мекӯшем, ки футболи хуб нишон бидиҳем ва то охир мубориза мебарем.”, - иброз дошт Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ.

Баъдан Александр Крестинин, сармураббии мунтахаби Қирғизистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамаи бозигарони даста ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон омода ҳастанд.

“Ҳамакнун моро ҳеҷ чиз наметавонад заиф кунад, охир мо аллакай ду бозиро бохтаем. Лаҳзаи камбаҳо додан ба рақиб ҳазф мешавад, ҳама аҳамияти бозии дарпешистодаро медонанд. Интизории ман аз ин бозӣ аз ҳама мусбат аст. Фардо бозии муайянкунанда барои ним соли наздик аст. Ҳолати майдон ба андозае вазнин аст, вале барои чунин фасли сол хуб аст. Мо бозии аввалро моҳи сентябр дар Душанбе бохтем, фардо интиқом мегирем”, - мегӯяд Александр Крестинин, мутахассиси русиягӣ.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон 19-уми ноябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ин бозиро ҳакамон аз Қатар бо сарварии довари FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола доварӣ мекунанд. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Ба ҷуз аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Мянмар дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат мекунад.

Баъди натиҷагирии панҷ даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ва дастаҳои Муғулистону Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ёдовар мешавем, бозии даври якуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Тӯбро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 42-юм ба самар расонид.

Дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ҳамагӣ 40 даста ширкат дорад. Ҳашт ғолиби гурӯҳ ва чаҳор дастаи нишондодҳояш хубтари ҷойҳои дувум ба марҳилаи севуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо мекунанд, инчунин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми Осиё-2023 мешаванд.

Қаҳрамонии ҷаҳон-2022. Мусобиқаи интихобӣ

Марҳилаи дувум. Гурӯҳи «F»

Даври 6-ум

19-уми ноябр (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00 бо вақти Душанбе

Қирғизистон Тоҷикистон

Сардовар: Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим (Қатар).

Ёварони сардовар: Толиб Салим Ал-Маррӣ, Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ (ҳарду аз Қатар).

Довари эҳтиётӣ: Теҷас Нагвенкар (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Висва Натхан Кришнан (Сингапур).

Комиссари бозӣ: Ҷаемин Шин (Кореяи Ҷанубӣ).

Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов

Мянмар – Муғулистон

Мандалай. Варзишгоҳи«Mandalar Thiri Stadium».

Мвқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “F”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Ҷопон

4

4

0

0

13-0

12

2

Қирғизистон

4

2

0

2

9-4

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

5-7

6

4

Муғулистон

4

1

0

3

2-9

3

5

Мянмар

4

1

0

3

4-13

3

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG